Имрӯз, 5 октябр, зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Хеле рамзист, ки зодрӯзи Пешвои миллат ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам афтодааст: эҳёи дубораи забон, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва мероси ғании ниёгони мо маҳз ба номи ин шахсияти бузург дар таърихи миллати мо пайванди ногусастанӣ дорад.
Имрӯз роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, арбобони маъруфи сиёсӣ ва илму фарҳанги олам Сарвари давлати моро бо ин рӯзи саид муборакбод гуфтанд. Садҳо нафар сокинони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ тариқи телефон, мактубу барқияҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиром ва муҳаббати худро ба Сарвари давлати мо изҳор медоранд.
