Дар шаҳри Душанбе Фестивал-симпозиуми байналмилалии фалак таҳти унвони «Фалак ва истиқлоли давлатӣ: аз эҳё то эътирофи ҷаҳонӣ» доир гардид, ки дар он Сайдамириён Сорбон, омӯзгори факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин як ҳамоиши сатҳи баланд, ки дар он муҳаққиқон, ҳунармандон ва дӯстдорони фарҳанги миллӣ гирди ҳам омаданд, собитгари таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи мо ба мероси гаронбаҳои маънавӣ ва мусиқии мардумӣ мебошад. Фалак ҳамчун ойинаи эҳсосу дарду шодии халқ, дар партави Истиқлоли давлатӣ, на танҳо эҳё, балки ба сатҳи шинохти ҷаҳонӣ расидааст.

