Имрӯз маҳфили навбатии “Тарҷумон” -и назди кафедраи рӯзноманигорӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Маҳфил бо суханрони ифтитоҳии роҳбари маҳфил Шарипова Меҳрангез оғоз ёфт.
Сипас, Ибрагимова Сабрина, донишҷӯи соли сеюми ихтисоси журналист- тарҷумон аз рӯи нақшаи корӣ маҳфилро идома дод.
Дар маҳфил маърӯзаи илмии донишҷӯёни ихтисоси журналист – тарҷумон Разоқов Мушавваршо ва Иззатова Сулҳия дар мавзӯи “Тарҷума ва фаъолияти тарҷумонӣ” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ шунида шуд. Иштирокдорони маҳфил бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ шеърҳо қироат намуданд.
Инчунин, дар ҳамоиш ғолиби озмуни “Забон донӣ- ҷаҳон донӣ” донишҷӯи соли чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, Қадриддинов Ғиёсиддин оид ба иштироки худ ва сазовор гардидан ба ҷойи сеюм ба аъзои маҳфили нақл кард.
Дар охир, дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ Маҳкамзода Дилором ва номзади илмҳои филологӣ Маҳмадалиева Муҳаббат ба иштирокдорони маҳфил оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

