Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба муносибати Иди Меҳргон
Ҷашни Меҳргон аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, дар гузашта онро ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар таҷлил мекарданд. Ин ҷашн дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона ё Митра зикр шуда, таърихи чорҳазорсола дорад.
Таърихнигорон оид ба пайдоиши Иди Меҳргон ақидаҳои зиёде баён доштаанд. Агар ҳамаи онҳоро натиҷагирӣ намоем, маълум мешавад, ки ин Ҷашн дар аҳди бостон, ҳангоми ҳукмронии аввалин сулолаи ориёӣ – Пешдодиён, ба вуҷуд омада, баъдан дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ сарнавишти бисёр сахтро аз сар гузарондааст. Ҳарчанд ки тоҷикон дар дарозои таърих, шаҳру марзу бум ва дороиҳои моддии хешро борҳо аз даст дода бошанд ҳам, вале доимо парчами ғолибияту сарфарозӣ дар дасти ин миллати тамаддунофар буд ва онҳо тавонистанд, ки тули ҳазорсолаҳо чунин ойинҳои оламгирро аз чанги душмани ғаддор эмин нигаҳ доранд.
Истиқлолияти давлатӣ ба ҷашни Меҳргон умри дубора бахшид. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати ҳидоятҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дубора эҳё гардиданд. Ҷашну маросимҳои мардумӣ зинда ва ғанитар гардида, худшиносиву худогоҳии миллӣ тақвият ёфтанд. Дар ин радиф, Иди фархундаи Меҳргон ҳамчун иди миллии мардумӣ бо суруру нишот ҷашн гирифта мешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми форсу тоҷик аст бо дастури Пешвои миллат ҳар сол моҳи октябр чун Иди миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Дар робита ба ин ҷашни бошукӯҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳангоми баргузории ҷашни 80-солагии таъсиси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соли 2011 гуфта буданд: «Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».
Ин таъкиди Сарвари давлат асос гузошт, ки ба ин ойини мардумӣ таваҷҷуҳ бештар гардад ва хушбахтона, тайи солҳои охир аз ҷониби олимони мо баъзе корҳои омӯзишӣ доир ба ҷашнҳои бостонӣ анҷом ёфтанд, аммо ҳанӯз ҳам ин басанда нест. Моро мебояд дар оянда низ барои беҳтар омӯхтану муаррифӣ намудани чунин суннатҳои ниёгони хеш ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем, зеро Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Мо ҳуқуқи комили маънавӣ дорем, ки ҷашни Меҳргонро баробари Наврӯзи хуҷастапай ҳамчун натиҷаи фаъолияти киштукори баҳории кишоварзон ва бардошти ҳосил аз Модар-Замин ба унвони намод ё рамз аз суннати дерини фарҳанги кишоварзии ориёӣ ҳар сол ҷашн бигирем.
Дар ин замина, Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илми кишвар бояд кӯшиш намоем, ки дар замири шогирдон фарҳангпарварӣ, ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан-модар, дӯст доштани сарзамини муқаддасамонро тарбия намоем ва баҳри пойдории Тоҷикистони азиз заминаи мусоид фароҳам оварем. Боварӣ дорем, ки ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ба хотири сидқан ба таълиму тарбия фарогирии шогирдон ва тайёр намудани кадрҳои арзандаи ҷавобгӯ ба талаботи замон заҳмат мекашанд ва барои болоравии обрӯ ва нуфузи донишгоҳ дар арсаи шаҳру вилоят ва ҷумҳуриву берун аз он саҳм мегузоранд.
Имрӯз, ки дар остонаи Иди ниёгон қарор дорем, аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи устодону донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии Иди Меҳргон табрик намуда, барои онҳо дар фаъолияти меҳнатӣ ва касби пуршарафи омӯзгорӣ барору муваффақиятҳоро таманно менамоем.
Иди Меҳргон муборак!
