Ҳамасола 24 октябр – Рӯзи Иттифоқҳои касаба ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз ҳамоиши идона бо иштироки М.Ширинзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, М.Қурбонов, муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, А.Ризозода, раиси Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, С.Лутфуллоев, муовини сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раисон, собиқадорони Иттифоқи касаба, донишҷӯён ва дигар кормандони ташкилотҳои зертобеъ доир гардид.
Дар чорабинӣ иштирокчиён оид ба нақши Иттифоқҳои касаба дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии омӯзгорон ва таҳкими ҳамбастагии меҳнатӣ андешаронӣ намуданд.
Дар идома, ба як қатор фаъолон ва пешқадамони Иттифоқи касаба барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳа ва фаъолияти намунавӣ бо Сипоснома, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

