Иттифоқҳои касаба яке аз такягоҳҳои муҳими ҷомеаи меҳнатдӯст ба ҳисоб мераванд. Онҳо манфиатҳои қонунии кормандонро ҳимоят намуда, барои беҳтар шудани шароити кор, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими адолати иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Имрӯз мо бо ифтихор аз фаъолияти шахсоне ёд мекунем, ки дар сафи иттифоқҳои касаба бо масъулият, садоқат ва меҳрубонӣ хизмат мекунанд. Заҳмати шумо арзандаи эҳтиром ва миннатдорист.
Ба ҳамаи кормандони иттифоқҳои касаба ва аъзои он саломатӣ, барори кор, рӯзгори обод ва дастовардҳои нав таманно дорам. Бигзор иттифоқ ва ҳамбастагии шумо ҳамеша устувор бошад!
Рӯзи Иттифоқҳои касаба муборак бод!
