Имрӯз маҳфили навбатии “Аудиторон”- и назди кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит баргузор гардид.
Дар маҳфил Абубакр Давлатов, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси аудит ва ревизия дар мавзуи “Таҳлили иқтисодӣ вазифа ва принсипҳои он” ва Шоҳрух Ғафуров, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси аудит ва ревизия дар мавзуи “Мақоми аудит дар низоми назорати молиявӣ” баромад намуданд.

