Имрӯз маҳфили навбатии “年轻的老师” “Омӯзгорони ҷавон”-и назди кафедраи курси амалии забони англисӣ дар мавзуи “学习汉语最好的方法是什么” (Аз ҳама методи хубтар барои омӯзиши забони хитой) бо забони хитоӣ гузаронида шуд.
Дар маҳфил Баҳром Шарифзода, декани факултети забонҳои хориҷӣ, муовини декан оид ба илм ва инноватсия, мудирони кафедраҳои пешбари факултет, омӯзгорон ва аъзоён иштирок доштанд.
Маҳфил бо сӯханронии ифтитоҳии роҳбари маҳфил Шамсуллоева Меҳрона оғоз ёфт.
Сипас донишҷӯёни соли якум, дуюм, сеюм ва чоруми ихтисоси забони англисӣ. Забони Хитой кори маҳфилро идома доданд.
Дар охир, декани факултети забонҳои хориҷӣ дотсент Шарифзода Баҳром оид ба омӯзиши забони хитой маслиҳатҳои муфид дод
.


