-зери ин унвон имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 1160-солагии донишманди бузург Закариёи Розӣ доир гардид.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафарбекзода Ҳукмиддин оғоз ёфт. Ӯ дар баромади худ нақши Розиро дар ташаккули илмҳои тиб, фалсафа ва риёзӣ таъкид намуда, афзуд, ки осори гаронбаҳои ин нобиға то имрӯз арзиши илмӣ ва фарҳангии худро ҳифз намудааст.
Сипас, аз ҷониби Т. Липай, номзади илмҳои сотсиологӣ, профессори Минского городского института развития образования дар мавзуи «Бесценное наследие Абу Бакра Мухаммада ибн Закария ар-Рази как ресурс для профилактики стигматизации и продвижения целей устойчивого развития», Комилӣ Абдулҳай, директори Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табииётшиносӣ ва техника дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои физикаю математика, профессор дар мавзуи «Шинохти Муҳаммад Закариёи Розӣ” андешаронӣ намуд.
Дар ин замина тариқи видеоӣ Доолатбай Бабаев, доктор педагогических наук, профессор кафедры педагогики и прикладной информатики Международного Кувейтского университета в Кыргызстане дар мавзуи “Абу Бакр ар-Рази – педагог, математик и методист» фикру ақидаҳои худро пешниҳоди иштирокчиён намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки конференсияи мазкур аз ду бахш – бахши илмҳои ҷомеашиносӣ ва бахши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ иборат буда, дар он беш аз 60 мавод пешбинӣ гардидааст.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ

