Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ омӯзиш ва такмили фанҳои дақиқ, аз ҷумла табиатшиносӣ ва риёзӣ, афзалияти рӯзафзун пайдо намуда, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷастаи илму адаби тоҷику форс боз ҳам таҳким ёфт. Дар ин росто метавон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи рушди илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф” ёдоварӣ намуд.
Яке аз донишманди маъруфи тоҷику форс Абубакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ, ки дар назди аврупоиён бо номҳои Разес ва Абубатер машҳур аст, аз ҷумлаи донишмандони ҳамадон буда, дар такомулу пешрафти афкори фалсафиву табиатшиносии олимони Шарқу Ғарб таъсири зиёде расонидааст.
Гарчанде роҷеъ ба таълифоти ин донишманди овозадор таҳқиқоти зиёде ба табъ расидааст, бо вуҷуди ин бояд таъкид кард, ки баъзе соҳаи фаъолияти ӯ то ҳанӯз ба таври зарурӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Яке аз ин гуна самтҳои фаъолияти ӯ дар илми иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, ки ба назари мо то имрӯз ба таври комил мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.
Андешаҳои иқтисодии Муҳаммад Закариёи Розӣ бештар дар фасли ҳабдаҳуми «Тибби рӯҳонӣ» ном асараш, ки «Иқтибосу дарёфт ва масраф» номида шудааст, хеле ҷолиб баён гардидааст. Метавон гуфт, ки маҳз дар зери таъсири андешаҳои иқтисодии Закариёи Розӣ донишмандони дигари асримиёнагии тоҷику форс таълимоти худро дар шакли назму наср баён кардаанд. Масалан, ҳаким, педагог ва шоири овозадори асри XIII тоҷику форс Шайх Саъдии Шерозӣ, ки дар таърихи тамаддуни тоҷикон бештар ҳамчун ғазалсарои бесобиқа шинохта шудааст, дар мавриди дахлу харҷ чунин изҳори ақида кардааст:
Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,
Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун.
Масъалаҳои гуногуни иқтисодӣ, ба монанди даромад ва баромад дар осори дигар ниёгони мо дар шаклҳои шеърӣ баён гардидаанд. Масалан, Амир Хусрави Деҳлавӣ чунин мефармояд:
Ба сарфа сарф кун нақде, ки дорӣ,
Ки имсокат беҳ аз исрофкорӣ.
Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ баъзе масъалаҳои иқтисодиро бо мисолу ҳикоёти ҷолиб мавриди баррасӣ қарор додааст, ки мазмуни яке аз онҳо чунин аст: «Киштии сарватманде, ки худ ҳунарманд буд, бишкаст ва тамоми моли ӯро баҳр фурӯ бурд. Вақте, ки ба соҳил расид, дар замин як расми шакли муқаддасро дид. Вай хурсанд шуд, ки ба ҷазирае расидааст, ки дар он уламо зиндагӣ мекунанд, пас ба он ҷазира рафт ва бо дасткишти худ боз сарватманд шуду он ҷо монд. Рӯзе аз рӯзҳо киштие аз канори ҷазира мегузашт, ки ба шаҳри ҳамон кас равона буданд. Аз вай пурсиданд, ки агар номае барои хешовандонаш бихоҳад бифиристад, киштибонҳо мебаранд. Вай гуфт: «Фурсати нома навиштан надорам, вале ба онҳо бигӯед, ки агар онҳо дар ҳаёт ҳамеша соҳибзафарӣ бихоҳанд, бояд чизҳоеро захираю ҷамъ кунанд, ки ҳаргиз ғарқ нашаванд».
Дар андешаҳои иқтисодии Закариёи Розӣ меҳнат ва тақисмоти меҳнат хислати ҷамъиятӣ дорад, ки ин таснифот дуруст буда, яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар шароити мураккаби буҳрони иқтисодӣ самаркнок истифода намудани захираҳои моддӣ ва табиӣ аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Ин раванд дар таълимоти Закариёи Розӣ пайваста таъкид мегардад. Ин донишманд зиёдаравию исрофкорӣ ва таассубу хурофотро маҳкум менамояд. Дар воқеъ, исроф амалест, ки ҳам дар буҷаи оила ва ҳам дар буҷаи давлат зарба зада, ба сатҳи камбизоатии аҳолӣ замина мегузорад. Аз ин ҷост, ки бо иқдоми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гирифтани пеши роҳи исрофкориву зиёдаравӣ зарурати қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба миён омад. Қонуни мазкур ҷиҳати пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, роҳ надодан ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар, танзим намудани ҷашну маросимҳои миллӣ ва динӣ равона гардидааст.
Қобили тазаккур аст, ки қабули қонуни «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боз ҳам нишон дод, ки манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум таъмин гардида, масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Аз таҳлили андеҳшаҳои Закариёи Розӣ бармеояд, ки ӯ ҳанӯз ҳазор сол муқаддам сари ин масъала фикру мулоҳизаҳои судманд баён намудааст.
Ҳамин тариқ ин донишманд таъкид мекунад, ки иқтисод бояд паи дур намудани мушкилоти ҳаётии мардум ва барои некӯаҳволию инсон нигаронида шавад.
Баъд аз баррасии андешаҳои иқтисолдии Закариёи Розӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки ӯ дар баробари файласуфи бузург, табиби ҳозиқ, кимиёдони овозадор, физикдони барҷаста ва муаллим будан, яке аз иқтисоддонони дақиқназари замони худ ба шумор мерафтааст.
Албатта, ин ҷиҳати фаъолияти ин донишманди фарохназар муҳаққиқони соҳаи таърихи иқтисодиётро интизор аст ва мо муътақид ҳастем, ки ин ҷанбаи фаъолияти ӯ барои пажӯҳишгарони ҷавон судманд хоҳад буд.
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат,
ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
