Дарси кушоди саромӯзгори кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик, н.и.ф, Раҳмонов Маҳмурод Бегмуродович аз фанни амалияи забони тоҷикӣ дар мавзуи “Таҳлили сарфии ҳиссаҳои ёвари нутқ: пешоянду пасоянд ва пайвандакҳо (дар асоси маводи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, ҷилди 1-ум) (ба муносибати бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ) дар гурӯҳи 201-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик баргузор гардид.
Дар рафти дарс устод Раҳмонов М.Б. сараввал дар бораи “Шоҳнома” чун асари оламшумул ҳарф зада, аз он чанд байтеро, ки ифодакунандаи ғояҳои ватандӯстию меҳанпарастӣ доштанд, ба шогирдон қироат намуданд. Устод ба шогирдон тарзи дуруст хондани “Шоҳнома” ва, пеш аз ҳама таҳлили сарфии матнҳоро дар асоси маводи ин шоҳасар ба шогирдон фаҳмониданд.
Ҳамчунин, шогирдон низ абёте аз “Шоҳнома”-ро қироат карда ва ҳар яки онҳоро таҳлили сарфӣ намуданд. Дар рафти таҳлил онҳо ҳиссаҳои ёварӣ нутқ – пешоянду пасоянд ва пайвандакҳоро аз ин байтҳо ёфта муайян намуданд ва дар рафти таҳлил вазифаҳои грамматикии онҳоро низ шарҳ доданд.

