Имрӯз дар Студияи таълимӣ- таҷрибавӣ маҳфили навбатии “Минбари сухан” -и назди кафедраи рӯзноманигорӣ бо иштироки Искандар Қиёмов, корманди Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон баргузор гардид.
Маҳфил бо суханрони ифтитоҳии Сангимурод Шарипов, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ оғоз ёфт.
Дар идомаи маҳфил Маҳмурод Раҳмонов, муовини декан оид ба илм ва инноватсия, Маҳкамзода Дилором, дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ ва Назаров Умед, омӯзгори кафедра аз рӯи нақшаи корӣ маҳфилро идома дод.
Зимни баромад Искандар Қиёмов роҷеъ ба журналистикаи рақамӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ба иштирокчиёну аъзоёни маҳфил маълумоти муфассал доданд.
Мавсуф зикр кард, ки ҷаҳони муосир паёмадҳои зиёд дошта, аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ваҳдату суботи сартосарӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоем.
Имрӯзҳо дар фаъолияти кормандони воситаҳои ахбори омма дигаргуниҳои кулли ба назар мерасанд, ки ин ҳолат масъулияти журналистону мутахассисони техникиро бештар намудааст.
Журналистикаи рақамӣ аз муосиртарин навъи журналитика ба ҳисоб меравад, ки дар маводи омоданамудаи муаллифони он тамоми унсурҳои типпи воситаҳои ахбори омма, ба хусус матн, навор, садо, акс, инфографика ва амсоли ин васеъ истифода мешаванд. Аз ин рӯ, донишҷӯёни ихтисоси журналистикаро лозим аст, ки махсусияти ин навъи фаъолияти эҷодиро ҳамаҷониба омӯхта, дар амал татбиқ карда тавонанд.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯён ба Искандар Қиёмов саволҳо оид ба вижагиҳои журналистикаи муосир пешниҳод намуда, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

