Имрӯз дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди Холназаров Мирзошариф, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ дар гурӯҳи 204-и ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит аз фанни “Макроиқтисодиёт” дар мавзуи “Низоми молиявӣ ва танзими он” баргузор гардид.
Дар дарси кушод мудирони кафедраҳо, омӯзгорони донишгоҳ ва сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, дотсент Гулов Қодир иштирок намуданд.
Қайд намудан зарур аст, ки шакли машғулият маърӯзави буда, омӯзгор аз тахтаи электронӣ, муаррифинома (презентатсия ва слайдҳо) истифода намуда, истилоҳи иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба мавзуро ба донишҷӯён ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ доданд.

