Маҷлиси падару модарон, яке аз шаклҳои асосии робитаи мактаб бо оилаҳои хонандагон мебошад. Бо ин васила дар Литсейи назди донишгоҳ маҷлиси падару модарон баргузор шуд, ки дар он Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия, Зарина Нориён, директори Литсей, омӯзгорон ва волидони хонандагон иштирок намуданд.
Нахуст, Зарина Нориён, директори Литсей иштирокдоронро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуд.
Дар ин замина муовини ректори донишгоҳ Наргис Нурализода оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар Литсейи назди донишгоҳ ва бо омӯзгорони соҳибкасб таъмин намудани Литсей андешаронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки раванди таълими босалоҳият имкон медиҳад, ки хонанда дар як вақт барномаи таълимиро хонад, азхуд намояд ва ҳам дар амал татбиқ карда тавонад. “Дар робита ба ин ҳайати омӯзгорони Литсейро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд”, – гуфт Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия.
Дар кори машварат волидони хонандагон ба музокира баромада, фикру андешаҳояшонро оид ба таҳсили фарзандонашон иброз доштанд.
Дар охир, ба волидоне, ки фарандони онҳо дар Литсей бо баҳои хубу аъло таҳсил мекарданд бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ

