Яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи таъмини рушди устувору бомароми аксари давлатҳои ҷаҳон дар шароити муосир — ин амалишавии кафолати санадҳои меъёрӣ -ҳуқуқӣ тавассути таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсия ба шумор меравад.
Яке аз дастоварди даврони соҳибихтиёрӣ дар самти танзимнамоии муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони озоду мустақил ба шумор меравад. Имсол аз қабули ин санадӣ ҳуқуқӣ 31 –сол пур мешавад.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ҷашнвораҳои муҳими сиёсӣ ва таърихии миллат аз қабили Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи хоса дошта, қонуни асосии давлат ва ҷамъият, ҳуҷҷати муқаддаси давлати соҳибихтиёр ва танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъияти ба ҳисоб меравад. Ин санади олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар ҷомеаи ҷаҳони муаррифи намуд ва барои ҳар як инсон шароити хуби зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат дод.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарурат пеш омад, ки бо мақсади аз лиҳози ҳуқуқи мустаҳакам намудани соҳибистиқлолии кишвар, Конститутсияи нави соҳибистиқолии худро таҳия ва қабул намоянд. Дар қабули аввалин Конститутсияи солҳои истиқлолият нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтара Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи кишвар назаррас мебошад. Чунки мардуми Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ бевосита бори аввал тариқи иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳадафҳои давлатдории милии худро дар меъёрҳои қонуни асосии давлат, яъне Конститусия муқаррар намуданд. Ҳамин тариқ дар Тоҷикистон сохти конститутсионӣ барқарор гардида, истилоҳи конститутсионӣ оғоз ёфт ва тариқи райъпурсии умумихалқӣ, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи кишвар қабул гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикиашон ба муносибати Рўзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ намуда, истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳои дигарро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян карда, рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар идораи давлат кафолат медиҳад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», (санаи 28.12.2023) қайд доштанд, ки «Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид». Бо ин мақсад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад». Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.
Қабули Конститутсияи соҳибистиқлолии кишвар, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар давраи дигаргуниҳои куллиро оғоз намуд. Дар сатҳи конститутсияи соҳибистиқлоли кишвар, асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, дахлнопазирии воҳидҳои маъмурию ҳудуди кишвар, муайян гардидани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши оли гирифтани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амали гардонидани соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби халқ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолат додани дахлнопазирии шахс ва ҳифз гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат, ки яке аз нишонаҳои бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро ташкил медиҳад, асос ёфтааст.
Тибқи муқарароти моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи инкишофи Конститутсионӣ давлати ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон эълон гардида буд. Дар робита бо пазируфта шудани ғояи давлати ҳуқуқбунёд дар меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои давлатдории ҳуқуқбунёд эътироф шуданд. Аз ҷумла дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқукҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Ҳамзамон, дар моддаи 14 Конститутсия гуфта шудааст, ки «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд».
Арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инчунин кафолати ҳифзи онҳо нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд аст, ки Тоҷикистон онро дар сатҳи қонуни асосии худ муқаррар намудааст.
Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои шинохти мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз диди тоза назар андохта, онҳоро болотар аз ҳар арзиши дигар эътироф намуд. Бояд қайд кард, ки шинохти инсон ҳамчун арзиши олӣ дар анъанаҳои афкори ҳуқуқии ниёгони мо низ ҷойгоҳи сазовор касб намуда, дар низоми ҳукуқии имрӯза ба таври арзанда ва сазовор инъикос ёфтааст. Аз ин муқаррароти Конститутсия бармеояд, ки ҳама чиз дар давлат ва ҷомеа барои қонеъ гардонидани талаботи инсон равона шуда, ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ зарурат пеш омад, ки ба ин санади олии кишвар, Конститутсия се маротиба 26 сентябри соли 1999 (ба 22 модда), 22 июни соли 2003 (ба дебоча, 54 модда ва муқаррароти умумӣ) ва 22 майи соли 2016 (ба 36 модда ва матни болои он, номи боби 6-ум, муқаррароти интиқолӣ тағйиротҳои меъёрию имлоӣ ва ҷамъ 40 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд).
Бояд қайд кард, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро дар меҳвари асосии сиёсати ҳуқуқии худ қарор дода, дар ин замина як зумра санадҳои меъёрӣ –ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатиро қабул намуданд.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва саривақтӣ дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар авҷ гирифтани таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ ва ба фарҳанги бегона майл зоҳир намудани бархе аз ҷавонон ва шаҳрвандони кишварамон мебошад. Бо мақсади пешгирӣ аз ин кирдорҳои номатлут баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва зиракии сиёсӣ омили муҳими пешгирии он ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмуъ гуфтан мумкин аст, ки риояи меъёрҳои Конститутсияи кишвар, ин эҳтироми миллату давлат буда, тавассути риояи дақиқи меъёрҳои он мо шаҳрвандон қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона адо хоҳем кард. Бинобар ин, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун дар ҳудуди кишварамон уҳдадории мо шаҳрвандони ин сарзамин ба ҳисоб меравад.
Набизода ЭМОМАЛӢ,
мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав,
Каримов САФАРАЛӢ,
омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ
