Имрӯз дар толори Кохи фарҳанги Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 31-умин Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши Конститутсия дар бунёди давлатдории навин” чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим оғоз гардид.
Зимни суханронии Ҳамдамзода Хурсанд Акбар омӯзорону донишҷӯёни донишгоҳро ба ифтихори таҷлили Рӯзи ин санади муҳими давлатӣ-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, барои ҳифзу гиромидошти ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ андешаронӣ намуд.
Баён дошт, ки волоияти қонун баҳри Истиқлоли бардавоми сарорсарии мардуми мо ва махсусан, ҳимояи ваҳдату якдилии миллати азизамон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, мо ба Конститутсияи давлатии худ эҳтироми хоса дошта бошем.
Баъдан, Сиёвуш Абдураҳимов, мудири кафедраи ҳуқуқи ва идораи давлатӣ дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -заминаи рушди низоми иқтисодиёти миллӣ” андешаронӣ намуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаи ҳунарии “Леваканд”-и назди донишгоҳ бо сурудҳои тараннуми ватандорӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ

