Дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-024-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи Разоқов Ҷовидон, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Вазъияти муосир ва дурнамои рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия солҳои 2012-2023)”, зери роҳбарии Саидов Ҳомид Саидович, профессор, доктори илмҳои сиёсӣ доир гашт.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.15 – Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати берунӣ пешбинӣ мешавад.
