Дар рафти сафар ба Лондон, мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав муҳтарам Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ва ректорони дигари донишгоҳҳои кишвар бо сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Коллеҷи донишгоҳии Лондон ҷаноби Б. Кристиансон доир шуд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ба имзо расонидани ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, табодули таҷрибаи омӯзгорон, донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мулоқот дар фазои якдигарфаҳмӣ ба анҷом расид

