Нимаи дуюми рӯзи 3 ноябри соли ҷорӣ, мулоқоти ректорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи байналмилалии соҳибкорӣ ва сайёҳӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо хонум Глиян Тетт – роҳбари яке аз коллеҷҳои Донишгоҳи Кембриҷи Лондон баргузор гардид.
Дар мулоқот ректори донишгоҳ муҳтарам Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оид ба фаъолияти донишгоҳ ба хонум Г. Тетт маълумот доданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти табодули академии омӯзгорон ба мувофиқа расиданд.

