Гурӯҳи ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Коллеҷи донишгоҳии Лондон (University College London – UCL) ва намояндаи Коллеҷи шоҳии Донишгоҳи Кембриҷ (King’s College, University of Cambridge) — Др. Гиллиан Тетт (Dr. Gillian Tett) вохӯрӣ намуданд.
Дар ин вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳмадалӣ Қурбонзода иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкили барномаҳои муштараки таҳсил, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, ҳамчунин ҷалби таҷрибаи пешқадами таълимии UCL-ро ба низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин перомуни масъалаҳои ҳамкории илмӣ ва таълимӣ, мубодилаи таҷриба дар самти таҳқиқоти муосир, татбиқи усулҳои пешрафтаи таълимии Донишгоҳи Кембриҷ ва имкониятҳои таҳсил ва табодули донишҷӯён табодули назар намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи гуфтугӯҳо ва таҳияи нақшаи мушаххаси ҳамкории илмӣ ва таълимӣ изҳор дошта, ин мулоқотро қадами муҳиме дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ арзёбӣ намуданд.
https://khovar.tj/2025/11/amkorii-muassisa-oi-olii-to-ikiston-bo-muassisa-oi-britaniyai-kabir-ta-viyat-meyobad/
