Имрӯз дар кафедраи педагогика ва психологияи таҳсилоти ибтидоӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Конститутсия – кафили озодӣ, ваҳдат ва пешрафти миллат” бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар Шифо Носирова, омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи таҳсилоти ибтидоӣ дар мавзуи “Конститутсия – санади муқаддасӣ давлатдории миллӣ”, Бахтиёр Нозимов, омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи таҳсилоти ибтидоӣ дар мавзуи “Конститутсия – кафили давлатдории миллӣ” ва Ҳадиса Давлатова, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ дар мавзуи “Конститутсия – кафили сулҳу суботи миллӣ” баромад намуданд.

