стодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд!
Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутуни асосии давлат ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан муҳими таърихӣ ва тақдирсоз ба шумор меравад. Зеро он истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати тоҷикон ватани азизи моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Конститутсия, сарфи назар аз он, ки дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ таҳия ва қабул гардид, тавонист, ки дар қатори беҳтарин конститутсияҳои олам ҷой бигирад. Тамоми дастовардҳои минбаъдаи ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва дигар бахшҳо маҳз аз он сарчашма мегиранд.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид».
Бо қабули Конститутсия мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд. Мо дар даврони истиқлол бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст, ки воқеан, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол арзёбӣ мегардад.
Имрӯз ҳайати профессорон, омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти раҳнамоӣ ва дастуру ҳидоятҳои хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ, пешрафти рушди соҳаҳои мухталифи кишвар тамоми ваколатҳои бо қонун пешбинишударо татбиқ намуда, дар ташаккулу инкишофи давлати ҳуқуқбунёд саҳм мегузоранд.
Имрӯз барои мо омӯзгорон ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол зарур аст, ки вазифаҳои муқаддаси шаҳрвандии худро дар доираи меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар иҷро намуда, дар баланд бардоштани сатҳи сифати таълим саҳмгузор бошем. Донишҷӯёнро дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ ба камол расонида, бо дасту дили тоза, меҳру муҳаббати ватандорӣ ва ифтихор аз ҳар ваҷаб хоки ин сарзамин барои гулгулшукуфии ватани азизамон ҳиссагузорӣ намоем.
Итминон дорем, ки Шумо – муҳтарам ҳайати профессорон, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён ҳамчун як фидокори роҳи Истиқлолият дар таъмини волоияти қонунҳои конститутсионӣ саҳми арзанда мегузоред.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
