Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳз аз ҳамин қонуни асосӣ сарчашма мегиранд.
Конститутсия – ин қонуни асосии давлат мебошад, ки асоси сохтор, вазифа ва масъулияти давлатро муайн мекунад. Он рамзи ҳуқуқии асосӣ буда, ҳам ҳуқуқ ва ҳам озодиҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд. Дар ҳар як давлат Конститутсия ҳамчун кафолати устувории низоми сиёсӣ ва иҷтимоӣ хизмат мекунад. Конститутсияҳо дар таърих баробари ташаккули давлатҳои муосир пайдо шудаанд. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX, аксари давлатҳо бо мақсади танзими муносибатҳои сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон Конститутсия дар он аст, ки муносибатҳои давлат ва шаҳрвандро муайян кунад ва ҳуқуқи инсонро ҳифз намояд.
Конститутсия низоми қонунгузорӣ, иҷроия ва судиро муайян мекунад. Меъёрҳои Конститутсия бевосита амалӣ гардида, қонунҳо ё дигар санадҳои меъёрие, ки ба Конститутсия мухолифанд, набояд амал намоянд.
Дар таърихи давлатдории мо тоҷикон 5 маротиба Конститутсия қабул карда шудааст. Солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва соли 1994. Конститутсияи соли 1994 санаи 6 ноябр қабул гардида, аз Конститутсияҳои қаблӣ фарқияти зиёд дорад. Фарқияти асосӣ дар он зоҳир мегардад, ки ин қонуни асосии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ва бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Маҳз дар ин санади муҳими таърихию ҳуқуқӣ халқи тоҷик орзуву ормонҳои чандинасраи худро дарҷ намуда, роҳи дурахшонро ба оянда ҳамвор намуд.
Мо дар арафаи 31-умин солгарди қабули Конститутсия – бахтномаи миллат қарор дорем. Аз ин рӯ, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ин рӯзи пуршукуҳ табрик намуда, ба Ватани азизамон рушду инкишофи устуворро таманно менамоем.э
Вализода Шукрона,
донишҷӯи соли якуми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ
