Мутобиқи моддаи 1-и Конститутсия, «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо дар назар доштани манфиатҳои миллию давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ ташаккул меёбад.
Конститутсия ба зиммаи шаҳрвандони мамлакат риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну эътибори дигарон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва пардохти андозро ба сифати ӯҳдадориҳои конститутсионӣ вогузор намудааст.
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо дар сурати эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва иҷрои уҳдадориҳои конститутсионӣ дар ҷомеа субот ва тартибу интизом пойдор, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат ва ҷомеа имконпазир мегардад. «Конститутсияи мо ҳамчун баёнгари таносуби воқеии ҳамаи нерӯҳои иҷтимоии ҷомеа ва ҷавобгӯи манфиатҳои ҳамаи онҳо буда, чунин давлатеро бунёд гузошт, ки ба ҷуз аз хизмат ба мардум ва амалӣ намудани ормонҳои онҳо дигар мақсаде надорад».
Бо эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дигаргуниҳои кулли ба вуҷуд омад, ки зарурати қабули Конститусияи навин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати сарнавиштсоз Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Бо қабули Конститусия ба марҳилаи нави таърихӣ гузариш ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи бо эътимодӣ ҳуқуқӣ гузошт.
Дар Конститутсия ғояҳои пешқадами миллӣ, ҷамъиятию сиёсӣ ва усулҳои давлати демократӣ, ҳуқубунёд, дунявӣ ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пураи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсию идеологӣ таҷассуми худро пайдо намудаанд. Хусусияти муҳими Конститутсия дар он ифода меёбад, ки он аз як тараф қонуни асосии давлат ва аз тарафи дигар қонуни асосии ҷомеа мебошад, ки ин мақоми халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва барандаи моҳияти иҷтимоии ҷомеа такия мекунад.
Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Мутахассисони зиёде бар он ақидаанд, ки давлати дунявӣ шакли олитарини таъмини озодии виҷдон барои шаҳрвандон мебошад. Аз ин рӯ, давлати дунявӣ ба ҳеч ваҷҳе давлати атеистӣ набуда, он эътиқоди динӣ доштан ё надоштани шаҳрвандонро идора намекунад. Ҳамзамон, дар давлати дунявӣ дин ба идоракунии давлатӣ, муносибатҳои оммавӣ-ҳокимиятӣ, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқию сиёсӣ дахолат намекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми қонунгузории кишвар мақому манзалати хосаро доро буда, меъёрҳои он дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошанд, ки ин аз волоият ва нақши барҷастаи он дар давлатдории миллии мо шаҳодат медиҳад.
Тавре Пешвои миллат қайд намудаанд: «Давлати соҳибихтиёри тољикон фаъолияти худро тавассути Конститутсия ба роњ мемонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми ҳуқуқии худро доро буда, дар он конститутсия мавќеи асосиро ишғол намуда, ба њаёти давлативу љамъиятӣ таъсир мерасонад».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хосаеро доро мебошад. «Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст, ҳама дину мазҳабҳо дар доираи муқаррарот ҳуқуқи баробари мавҷудият доранд».
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, дар худ падидаҳои конститутсионӣ, ба мисли баробарҳуқуқии инсон, арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дахлнопазирии шахсият, соҳибихтиёрии халқ, кафолати ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва принсипҳои инсондӯстӣ мақомоти давлатиро таҷассум менамояд.
Ҷумҷурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Асоси ҳуқуқии таҳким ва амалисозии ғояи мазкурро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд, ки меъёрҳои он батадриҷ бо мурури замон мукаммал гашта истодаанд.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён дар Тоҷикистон аст. Ин санади олии ҳуқуқӣ муҳимтарин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб рафта, тӯли 31 соли амал муносибатҳои шаҳрванд ва давлатро дар шароити муосири давлатдори ба танзим медарорад.
Раҷабализода Самандар,
омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
