Санаи 5 ноябри соли 2025 мулоқоти роҳбарияти донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мактаби тиҷорати Донишгоҳи Реҷенси шаҳри Лондон доктор Винсент Онг ва Маурисио Эйтел – менеҷери рушди тиҷорат баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар рафти мулоқот аз ҷониби ректори донишгоҳ муҳтарам Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат маълумоти мухтасар оид ба ДДБ ба номи Носири Хусрав пешниҳод гардид.
Дар рафти мулоқот аз ҷониби В.Онг ба меҳмонон маълумот оид ба донишгоҳи мазкур пешниход намуданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки дар донишгоҳ аз 140 кишварҳои ҷаҳон ва 2,4 ҳазор донишҷӯён таҳсили илм менамояд. Донишгоҳ дорои таҷрибаи ғанӣ дар самти табодули академии омӯзгорон ва донишҷӯён буда, махсусан дар самти омӯзиши забони англисӣ муваффақ мебошад.
Яке аз бартариятҳои донишгоҳ дар он аст, ки барои омӯзиши забони англисӣ давоми сол қабул мекунанд.

