Дар идомаи сафари кории ҳайати роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Британияи Кабир, вохӯрии навбатии ректорон бо профессор Алмут Ҳинтз – директори Фонди Ҳинд ва Эрони Қадим (The Ancient India & Iran Trust) ва дигар намояндагони маркази мазкур дар шаҳри Кембриҷ баргузор гардид.
Фонди Ҳинд ва Эрони Қадим, ки соли 1978 таъсис ёфтааст, яке аз муассисаҳои илмии бонуфуз дар Британия буда, фаъолияти он ба омӯзиш, ҳифз ва рушди мероси илмӣ, адабӣ ва фарҳангии кишварҳои Ҳиндустону Эрон ва Осиёи Марказӣ бахшида шудааст. Марказ дорои китобхонаи бузург бо беш аз 25 000 ҷилд китоб ва дастнависҳо мебошад ва ба ҳайси ягона созмони мустақили илмӣ дар соҳаи омӯзиши тамаддуни қадимии минтақаи мазкур дар Британия шинохта шудааст.
Зимни вохӯрӣ профессор Алмут Ҳинтз доир ба таърих, ҳадаф ва самтҳои фаъолияти фонд, аз ҷумла нигоҳдорӣ ва ҳифзи осори гаронбаҳои фарҳангӣ ва адабии форсу тоҷик, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҳайати маорифчиёни Тоҷикистон аз фонди тиллоии марказ, ки нусхаҳои нодири асарҳои классикони адабиёти форсу тоҷик, аз ҷумла осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём ва Ҳофизро дар бар мегирад, боздид ба амал оварда, барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи чунин ганҷинаи фарҳангӣ ба роҳбарияти марказ изҳори сипос намуданд.
Зимни боздид, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳқиқ, тармим ва ғанигардонии мероси илмӣ ва адабии нигаҳдошташуда дар хазинаи тиллоии фонди мазкур баён намуданд. Дар ин замина, пешниҳод гардид, ки дар оянда пажӯҳишгарон ва устодони тоҷик дар чорчӯби барномаҳои илмӣ ва мубодилавӣ бо марказ ҳамкорӣ намоянд.
Вохӯрӣ ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва пажӯҳишии миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Кембриҷ арзёбӣ гардид.

