Имрӯз дар ҷаласаи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, ки тибқи қарори Шӯрои диссертатсионӣ 6D.KOA-082-и назди Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун муассисаи пешбар интихоб гардида буд, муҳокимаи пешакии рисолаи номзадии унвонҷӯйи кафедраи таърихи халқи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” Муҳаммадзода Бобоҷон дар мавзуи “ТАЪРИХИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ ИМПЕРИЯИ ҲАХОМАНИШИЁН”, ки зери роҳбарии д.и.т, профессор Қаҳҳор Расулиён омода гардидааст баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ н.и.т, дотсент Сайнаков С.П., аъзоёни шӯро ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.
Ҷаласаро мудири кафедра н.и.т, дотсент Сайнаков С.П. оғоз намуда, баъди шунидани натиҷаи рисолаи илмии унвонҷӯ баромади ӯ муҳокима гузошта шуд.
Бояд қайд кард, ки рисолаи мазкур тули қариб як моҳ мешавад, ки аз ҷониби устодони кафедра ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дода шуда буданд.
Ҷаласа кори илмии пешниҳодшударо мусбӣ баҳо дода, рисоларо барои ҳимоя ба Шӯроҳои диссертатсионӣ тавсия дод.

