Маҳфили навбатии “Дунёи сиёсат”- и назди кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ баргузор гардид.
Нахуст Қурбонов Давлатбек, роҳбари маҳфил, омӯзгорону донишҷӯёнро бо рӯзномаи ҷаласаи маҳфил шинос намуда, дар он муҳокима гардидани ду маърӯзаи илмиро аз ҷониби донишҷӯёни факултет хотиррасон намуд.
Дар рафти маърӯзаҳо вобаста ба мавзӯҳои баррасишуда, миёни донишҷӯён саволу ҷавобҳо доир гардид.
Дар анҷоми кори маҳфил мудири кафедра профессор Саидов А.С., суханронӣ намуданд.

