6 ноябр дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” қабул гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Қатънома аҳаммияти таърихӣ ва маънавии “Устувонаи Куруш”-ро ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд, таъкид месозад.
Ташаббуси мазкур тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, пешбарӣ шуд.
Қабул гардидани санади зикршуда ба таҳкими арзишҳои умумибашарӣ, густариши ҳамдигарфаҳмӣ миёни тамаддунҳо ва мусоидат ба рушди муколамаи фарҳангҳо дар доираи ЮНЕСКО саҳми арзанда мегузорад.
Қатъномаи мазкур бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод гардида, аз ҷониби кишварҳои аъзои созмон ҷонибдорӣ ёфт.
Носирҷон Маъмурзода дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ

