Боиси ифтихору шукргузории зиёд аст, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор буда, маҳз дар заминаи сиёсати созандаву бобарори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва робитаву ҳамкориҳо бо кишварҳои дуру наздик таҳким меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи босамари “Сиёсати дарҳои боз” ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст, ки яке аз самтҳои асосии он таҳкими робитаҳои гуногунсамти хориҷӣ мебошад. Ҳоло Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 210 давлати ҷаҳон эътироф намуда, бо кишвари мо ҳамкориҳои судбахш доранд. Суханрониву пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро созмону ташкилот ва кишварҳои сайёра ҷонибдорӣ намуда, дар заминаи он фаъолият намуда истодаанд.
6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Вашингтон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлати мо оид ба роҳҳои тавсеа бахшидани ҳамкории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳонӣ, ки аҳаммияти рӯзмарра дорад, мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ қайд намуданд, ки таҳкиму рушди “заминаи бунёдии ҳама гуна робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ”, пеш аз ҳама ба таъмини сулҳу суботи пойдор дар минтақа ва сайёра вобастагӣ дорад. Дар идомаи суханрониҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати иштирокчиёнро ба масъалаи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаву бахшҳои гуногунҷабҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуданд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони бештари истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза аз манбаъҳои барқароршаванда мавҷуд аст, ки дар ин самт таҳким бахшидани робитаҳои байналмилалӣ ба манфиат мебошад.
Дар воқеъ, суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Вашингтон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) саҳифаи наверо барои рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба миён меоварад.
Сангимурод Шарифов,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
