Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамоиши илмӣ – назариявӣ бахшида ба бузургдошти “Устувонаи Куруши Кабир” дар ҳошияи қабули Қатъномаи Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” дар доираи ЮНЕСКО СММ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оғоз гардид.
Сипас, Ғ. Мирзоев, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик дар мавзуи “Куруши Кабир ва бунёди Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ”, Халилзода Давлатӣ, мудири кафедраи таърихи умумӣ дар мавзуи “Устувонаи Куруши Кабир – аввалин Эломияи ҳуқуқи башар” ва М. Баротов, мудири кафедраи фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ дар мавзуи “Қабули Қатъномаи “Устувонаи Куруш: Эломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” маърӯза намуданд.

