Дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим Куруши Кабир яке аз оқилтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандештарин шоҳаншоҳ буд, ки бо тамаддунофарию давлатсозӣ, инсонпарварию адолатпешагӣ ва рафтору ахлоқи ҳамидааш шуҳрати ҷаҳони ёфтааст.
Дар ин ҷода диққати махсус ба яке аз шахсиятҳои таърихӣ, шоҳаншоҳи бузург ва таъсисдиҳандаи яке аз аввалин империяи аҳди қадим дар ҷаҳон, ки бо номи Ҳахоманишиён, ки асосгузораш Куруши Кабир дар таърих маълуму машҳур аст равона гардида, ҳамзамон аз кору амали ӯ дар самти шинохти инсони комил, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амалҳои неки ӯ якчанд сухане гуфта бошем.
Мардуми тоҷик аз давраи қадим то имрӯз ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанг ба ҳисоб рафта, бо сарчашмаҳои нодири ахлоқӣ-ҳуқуқи, фарҳангӣ ва тамаддуни беҳамтои худ дар байни дигар халқиятҳои дунё маълуму машҳур мебошад. Яке аз дастовардҳои бесобиқаи миллати тоҷик санадҳои таърихии қабулнамудаи фарзандони фарзонаи он, ки то имрӯз дар танзим ва таҳкими муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиятҳои инсон ва шаҳрванд нақши бориз доранд, ба ҳисоб меравад.
Дар воқеъ, миллати тоҷик дорои таъриху фарҳангӣ қадима мебошад, ки далели ин гуфтаҳо яке аз сарчашмаҳои муҳимми таърихӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқӣ Куруши Кабир мебошад. Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун сарчашмаи таърихӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб рафта, бо меъёрҳои инсондӯстона, барои пешрафту инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, махсусан ҳуқуқу озодиҳои инсон дар аҳди қадим ва дар замони муосир нақши калиди дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асари «Чеҳраҳои мондагор» Куруши Кабирро ҳамчун шахсияти таърихӣ ва асосгузори нахустин империяи таърихӣ башар муаррифӣ намудаанд. Муаллиф иброз медорад, ки Куруши Кабир дар таърихи тамаддуни башар бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною муттамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату тадбирҳои зиндаги шоистаи мардум, алалхусус пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқи манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Дарозии Эъломия 22,5 см ва бараш 11 см-ро ташкил медиҳад. Эъломия дар шакли гилнавишти силиндрмонанд тартиб дода шудааст. Вале оид ба ҳаҷми бандҳо ё сатрҳои Эъломия фикри ягона вуҷуд надорад. Ба андешаи баъзе аз муаллифон матни Эъломия аз 45 сархат иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки 2550 сол муқаддам Куруши Кабир меъёрҳоеро муқаррар намудааст, ки онҳо то имрӯз ба ҳайси нишондиҳандаи рушди волои тамаддуни инсонӣ баромад намуда, ба санадҳои байналмилалӣ ва конститутсияҳои мамлакатҳои тарақикардаи ҷаҳон, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши пурқимат ворид гардида амал менамоянд.
Меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир то имрӯз моҳияти худро гум накардаву истифодаи онҳо дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ ва дигар санадҳои миллию байналхалқӣ ба чашм мерасад.
Воқеан, Эъломияи Куруши Кабир бозёфти нодири таърихие мебошад, ки ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар тӯли таърих баромад кардааст ва дар замони муосир низ ҳамчун сарчашмаи таърихӣ-ҳуқуқӣ аҳаммияти бузург дорад. Имрӯз, аксари давлатҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ меъёрҳои Эъломияи мазкурро ҳамчун сарчашма ба таври васеъ мавриди истифода қарор додаанд.
Овардани матни комили эъломияро дар ин навишта зарурат шуморида, ифтихор аз он менамоем, ки ниёгони боиззатамон аз қаъри асрҳо, ба василаи ин дастури пазируфтанӣ насли инсонро ба таҳаммулпазириву роҳи рост ҳидоят ва роҳнамоӣ мекунанд.
«Манам Куруш, ки шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи нерӯманд, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Акад, шоҳи чаҳор мамлакат, писари Камбуҷия – шоҳи бузург, навосаи Куруш, шоҳи бузург аз шохаи салтанати абадӣ, ки салтанаташ мавриди худоён ва ҳукуматаш ба дилҳо наздик аст. Вақте ки бе ҷангу ҷидол вориди Бобул шудам, ҳама мардум қудуми маро ба шодмонӣ пазируфтанд. Дар қасри подшоҳони Бобул ба сарири салтанат нишастам.
Мардук – худои Бобул дилҳои наҷиби мардуми Бобулро мутаваҷҷеҳи ман кард, зеро ман ӯро муҳтарам ва гиромӣ доштам. Лашкари бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам садама ва озоре ба мардуми ин шаҳру ин сарзамин ворид ояд. Вазъи дохилии Бобул ва амкинаи муқаддаси он қалби моро такон дод. Фармон додам, ки ҳама мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоранд. Фармон додам, ҳеҷ як аз хонаҳои мардум хароб нашаванд. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард.
Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи поин ва подшоҳони Ғарб тамоман хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул бар пойҳои ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошӯр ва Шуш ва Акад… Ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Ҳама худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Сумеру Акадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки «шодии дил» ном доранд, боз гардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам».
Соли 539-и то мелод пас аз фатҳи Бобул Куруш Эъломияеро қабул намуд, дар он баробарӣ, ҳифзи ҷон ва озодии динии шаҳрвандон кафолат дода мешуд.
Ин осори бостонӣ аз 40 модда иборат буда, бо хати мехӣ ба забони аккадӣ навишта шудааст, ки ҳамчун намунаи нахустини Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният маҳсуб ёфта, сиёсати инсондӯстонаи Куруши Кабир –асосгузори аввалин империяи ориёиро инъикос мекунад ва ин устувона дар ш. Бобул соли 1879 аз тарафи олими бостоншиноси англис Хормуз Расан кашф гардида, дар музеи Британия ва нусхаи он дар созмони милал нигаҳдорӣ мешавад. Бахши ҷудошудаи дигари ин устувона дар Донишгоҳи Йил нигоҳдорӣ мешавад ва иштибоҳан ба подшоҳи Бобул нисбат дода шуда буд, то ин ки устувонаи Куруш ба даст омад.
Олимон дар бартарияти он иттифоқи назару андеша доранд. Реза Шабани мегӯяд, ки «Ниёгони тоҷикон 2550 сол пеш асосҳои меъёрҳои конститутсионӣ гузоштанд». Ҷек Доннели Эъломияи Курушро «оғози ҳуқуқҳои умумибашарӣ» медонад. Бобоҷон Ғафуров таҳаммулпазирии Курушро чунин қайд мекунад: «Ҳахоманишинон маъбадҳои Бобул ва Яҳудистонро барқарор карданд».
Озодии мазҳабу дин, расму оин, қавму қабилаҳои мухталифзабон дар рӯзгори салтанати Ҳахоманишиниён шигифтангез аст, ки шояд дар таърихи аҳли башар камназир ҳам бошад. Ин ҳама олиҳиммативу ворастагӣ нишонаи баланди инсондӯстӣ ва мардумнавозии ниёгони шуҳратёри мост, ки барои ворисон ҳамчун намунаи олӣ арзиш дорад. Дар ин ҷода месазад, ки насли тозараси ҷомеаи тоҷикон ибратомӯз аз кирдору рафтору пиндори гузаштагони хеш бошанд.
Эъломияи Куруш асосҳои ҳуқуқи инсон – озодӣ, баробарӣ, манъи ғуломиро гузошт,ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки соли 1948 қабул гардида буд, ифода ёфтаанд, ки саҳми онро дар меъёрҳои ҷаҳонӣ исбот мекунад. Устувонаи Куруш ба ҳуқуқҳои инсон замина гузошта, сарфи назар аз фосилаи таърихӣ баёнгари саҳмгузории мардуми тоҷик дар бунёд ва рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Ба андешаи мо чунин омилҳои зерин дар Эъломияи Куруш ифода меёбанд:
1. Эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ: Куруш эълон мекунад, ки ҳама одамон бояд озод бошанд ва аз ғуломӣ раҳо гарданд. Куруш тамоми ғуломонро озод кард ва эълон намуд, ки ҳар шахс бояд озодона зиндагӣ кунад. Ин иқдом асоси ҳуқуқи шахсӣ ва озодии инсонро ташаккул медиҳад. Ин ақида ба инсон ҳуқуқи шахсӣ медиҳад ва нишон медиҳад, ки ҳуқуқи инсон бояд риоя карда шавад.
2. Озодии виҷдон ва эътиқод: Куруш ба ҳамаи халқҳо иҷозат дод, ки ба дини худ бимонанд ва озодона онро иҷро кунанд. Ин намунаи аввалини озодии виҷдон ва динист, ки дар таърих сабт шудааст. Дар Эъломия омадааст, ки ҳар шахс ҳуқуқ дорад ба дини худ боқӣ монад ва онро озодона ба ҷо орад. Ин ба маънои эҳтиром ба ҳуқуқи динӣ ва озодии эътиқод мебошад, ки яке аз рукнҳои муҳими тарбияи ҳуқуқӣ аст.
3. Баробарии қавмҳо ва миллатҳо: Дар Эъломия таъкид шудааст, ки ҳамаи миллатҳо бояд баробар ва бо эҳтиром зиндагӣ кунанд. Ин асоси ҳуқуқи баробар барои ҳамаи шаҳрвандонро ташаккул медиҳад. Куруш изҳор мекунад, ки байни миллатҳо ва халқиятҳо фарқе нест ва ҳамаи онҳо бояд баробар муомила шаванд. Ин андеша барои рушди ҳисси баробарӣ ва ҳуқуқи баробари шаҳрвандон дар ҷомеа хеле муҳим аст.
4. Муҳофизати ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ: Мардум иҷозат доштанд хонаҳо, молу мулк ва ҷойи зисти худро озодона дошта бошанд. Ин як навъ кафолати ҳуқуқи моликият ва зиндагии осоишта аст. Куруш мардумро аз ғорат ва таҳқир муҳофизат кард. Ӯ фармон дод, ки молу мулк ва хонаҳои мардум нигоҳ дошта шаванд. Ин ҳуқуқ ба амният ва моликиятро нишон медиҳад.
5. Таъмини адолат ва рафтори одилона аз тарафи давлат: Куруш таъкид мекунад, ки подшоҳ ва ҳокимон бояд одил бошанд ва ба мардум зарар нарасонанд. Куруш худро ҳамчун подшоҳи одил ва муҳофизи ҳуқуқи мардум нишон медиҳад. Ӯ таълим медиҳад, ки ҳоким бояд хидматгори халқ бошад, на зулмкунанда. Ин як намунаи аён аз таълимоти ҳуқуқӣ барои раҳбарон ва вазифадорон аст.
Ҳамин тавр, Эъломияи Куруши Кабир як мактаби беназири ҳуқуқист, ки дар он мафҳумҳои асосии ҳуқуқи инсон, озодӣ, баробарӣ ва адолат ба таври равшан баён шудаанд. Гарчанде ки он дар давраи қадим навишта шудааст, аммо арзишҳои дар он зикршуда имрӯз ҳам асоси ҳуқуқи башар ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро ташкил медиҳанд.
Халилзода Давлаталӣ,
доктори илмҳои таърих, профессор,
мудири кафедраи таърихи умумии
ДДБ ба номи Носири Хусрав
