(дар ҳошияи сафари кории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико)
Боиси ифтихору сарафрозии кулли миллти шарафманди тоҷик аст, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ба сари ҳукумат омадани Пешвои муаззами миллатамон, шахси худогоҳу хештаншинос, хирадманду равшанзамир, сиёсатмадори варзида, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи мо тадриҷан рушд намуда, на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи хосси худро пайдо намуд.
Махсусан, дурандешӣ, пешниҳоду ибтикороти сарвари давлатамон дар масъалаҳои ҳифзи захираҳои табиӣ, беҳдошти обу иқлим ва наҷоти сайёра аз ҳамагуна хавфу таҳдидҳои муосир, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарм ёфт, нуфузи Тоҷикистони моро ба маротиб боло бурда, боиси тавсеа ёфтани дӯстиву ҳамкории ҷумҳурии мо бо бисёр кишварҳои абарқудрати ҷаҳон гардид.
Метавон гуфт, ки ширкат ва суханронии навбатии Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1), ки санаи 6-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА дар доираи зиёфати корӣ ба вуқуъ пайваст, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои марбут ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо, боз ҳам бештар ҷалб намуд.
Дар ин вохурӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти ИМА сурат пазируфт, аз ҷониби сарони давлатҳо, аз ҷумла сарвари кишвари мизбон Доналд Трамп масъалаҳои гуногуни марбут ба мавқеи ҷуғрофӣ, имконоти рушд, тавсеаи ҳамкориҳо ва масоили тараққиёти иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ҳамчун кишвари ташаббускори масъалаҳои глобалӣ ва байналмилалӣ мавқеи хос дошта, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҷумҳурии мо яке аз давлатҳои пешсафи Осиёи Марказӣ аст, ки пайваста пайи беҳдошти табиат ва ҳифзу коркарди безиёни захираҳои табиӣ чораандешӣ намуда, дар ин замина баҳри таҳия ва амалӣ гардидани тадбирҳо дар ин самт ва барномаҳои мухталифи дарозмуддати манфиатбахш саҳми босазо дорад.
Дар иртибот ба масоили мазкур ёдоварӣ гардид, ки иқлими Тоҷикистон на танҳо дорои имконоти таҳкими “энергияи сабз”, захираи бузурги оби тоза ва тавлиди неруи барқ, балки манбаи канданиҳои муфид ва истихроҷи онҳо буда, тақвият ёфтани чунин ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонад дар тараққиёти минбаъдаи кишварҳои мавриди назар, рушди иқтисодиёти онҳо ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидати комил намояд.
Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун шарики қобили эътимод бо давлатҳои дӯсту бародар таъкид дошта, қайд намуданд, ки танҳо риояи эҳтиром ва арҷ гузоштан ба фарҳангу адаби халқиятҳои мухталифи олам, таҳким бахшидани пояи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, саъй варзидану саҳм гузоштан дар амнияту осоиштагии мардуми сайёра ва таъмини сулҳу суботи сартосарии ҷаҳон метавонад омили асосии пешрафту тараққиёти тамоми ҷомеаи башарӣ гардад.
Дар маҷмуъ, Пешвои муаззами миллат бо далелҳои муътамад Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари амну сулҳпарвар, рӯ ба рушд, дорои иқлими мусоид ва захираҳои ғании табиӣ муаррифӣ карда, тақвияти робитаҳои умумибашарӣ ва ҳамкории кишвари моро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар самтҳои матраҳгардида муҳимму судманд арзёбӣ намуданд.
Муҳаббат Маҳмадалиева – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав
