Ҳузури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зиёфати корӣ дар чаҳорчӯби Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ – ИМА” (C5+1) нишонгари мавқеи баланд ва нуфузи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ин ҳамоиш бо ҳузури роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони Иёлоти Муттаҳида баргузор гардида, ба таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, энергетикӣ ва экологии минтақа равона шудааст. Ҳузури Пешвои миллат дар чунин вохӯриҳои сатҳи баланд далолат бар он дорад, ки Тоҷикистон дар раванди ташаккули сиёсати минтақавӣ нақши муассир ва фаъол дорад.
Мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз қабили таъмини амният, истифодаи оқилонаи захираҳои об, мубориза бо таҳдидҳои муосир ва рушди устувори иқтисодӣ, дар сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хоса дорад.
Пешвои миллат ҳамеша бо суханони хирадмандона ва сиёсати хеш Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар, дӯстӣҷӯ ва ҳамкор барои ҳамаи кишварҳо муаррифӣ намудаанд. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимод ва ҷонибдори созандагӣ шинохта шудааст.
Сиёсати хориҷии Пешвои миллат бар пояи эҳтиром, ҳамкорӣ ва манфиати мутақобила устувор гардида, дар рушду таҳкими дӯстӣ байни халқҳо ва давлатҳо нақши муҳим мебозад.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон, рушд ва пешрафт гом мегузорад.
Ганҷина Зувайдуллозода,
мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит
