Дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робияи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки ҷашни солгарди шоири шинохтаи тоҷик Робияи Балхӣ, ки ҳамзамони Рӯдакӣ буду дар даврони Сомониён зиндагӣ мекард, дар арсаи байналмилалӣ аз таърих ва фарҳанги бойи миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.
Ин воқеаи фарҳангии басо муҳиму ифтихорманд аст, ки боз як нобиғаи сухан Робияи Балхӣ, бонуи шеъру зебоӣ ва рамзи андешаи озод, ба феҳристи бузургдошти ЮНЕСКО ворид гардид.
Ин иқдоми арзишманд шинохти ҷаҳонии адабиёти тоҷику форс буда, нишони эҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ ба нақши зан дар рушди тамаддуни башар мебошад.
Ворид шудани номи Робияи Балхӣ ба ин феҳрист гувоҳи он аст, ки адабиёт ва фарҳанги тоҷик бо решаҳои амиқи таърихӣ ва паёми инсондӯстонааш имрӯз низ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста дорад.
