Бо ташаббуси Иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз 1 то 7 ноябри соли 2025 дар толори варзишии донишгоҳ мусобиқаи волейбол байни донишҷӯёни факултетҳо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Ширинзода Муҳиддин Исмоил – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Шарипов Маҳмадкарим – раиси Иттифоқи касабаи донишгоҳ ва Нурализода Наргис – муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Рӯзи Конститутсия на танҳо иди сиёсиву ҳуқуқӣ, балки ҷашни ваҳдату ифтихори миллӣ буда, баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ барои таҳкими рӯҳи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон мусоидат мекунад.
Дар суханронии иштирокчиён таъкид шуд, ки «ҷавонони варзишгар бо иштироки фаъол ва рӯҳи баланд дар мусобиқаҳо на танҳо маҳорат, балки ирода, интизом ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ нишон медиҳанд, ки ин худ як таҷассум аз муҳтавои Конститутсия мебошад». Бозии ниҳоии мусобиқа байни дастаҳои факултети химия ва биология ва факултети сиёсат ва идораи давлатӣ шавқовару ҷолиб доир гардид. Ҳар ду даста бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ диққати тамошобинонро ҷалб намуданд. Дар натиҷа, бо ҳисоби 2:1 (23:25; 25:21; 15:10) ғалаба насиби дастаи факултети сиёсат ва идораи давлатӣ гардид.
Натиҷаи умумии мусобиқа чунин аст:
– ҷойи якум – факултети сиёсат ва идораи давлатӣ;
– ҷойи дуюм – факултети химия ва биология;
– ҷойи сеюм – факултети физика;
Беҳтарин бозингарони мусобиқа:
– Иззатуллоев Иззатулло – факултети химия ва биология;
– Дӯстзода Муҳаммад – факултети сиёсат ва идораи давлатӣ;
– Ятимов Ҳоҷибой – факултети физика;
Ғолибони мусобиқа тибқи Низомномаи тасдиқгардида бо Ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравии Иттифоқи касабаи донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон барои ҷойи якум, дуюм ва сеюм маблағҳо мутаносибан ба 1600 (як ҳазору шашсад) сомонӣ, 1200 (як ҳазору дусад) сомонӣ ва 800 (ҳаштсад) сомонӣ тавассути кортҳои дастаҳо (ғайринақдӣ) давоми рӯзи корӣ пардохт мегардад.
Ҳайати доварон, варзишгарон ва тамошобинон аз сатҳи баланди ташкил ва фазои дӯстонаю муттаҳидонаи чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

