Имрӯз 10-уми ноябри соли равон дар ҷаласаи навбатии назди ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат масъалаҳои таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласаи назоратӣ Ҳамдамзода Хурсанд, муовинони ректор оид ба таълим, Сафарбекзода Ҳукмиддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Бобоҷон Кибориён, муовини ректор оид ба иқтисод, Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия, Икром Фатҳуллоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ аз раванди корҳо дар давоми ҳафта маълумот доданд.

