Мусаллам аст, дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон арҷ гузоштан ба дастовардҳои зеҳниву ахлоқӣ, муаррифӣ намудани фаъолияти олимону донишмандон ва шахсиятҳои бузурги фарҳангию таърихии миллатамон зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, дар ин росто, пеш аз ҳама, ташаббус ва заҳматҳои Президенти маҳбубамон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо арзишманду мондагор аст.
Боиси фараҳмандӣ ва ифтихори аҳли адабу фарҳанги тамоми форсизабонони дунёст, ки дар қатори 65 ҷашнворае, ки таҷлили онҳо бо қарори созмони бонуфузи Юнеско барои солҳои 2026-2027 пазируфта шуд, 1050-солагии Робиаи Балхӣ ба Феҳристи ин бузургдоштҳо ворид карда шуд.
Робиаи Балхӣ аз ҷумлаи занони суханвару шуҷоъ, озодипарвар ва сарфарози миллати тоҷик мебошад, ки дар асри Х зиндагӣ ва эҷод кардааст. Тавре аз саҳифаҳои таърих бармеояд, асри Х яке аз дурахшонтарин давраҳои таърих ва адабиёти форс-тоҷик мебошад, ки ба замони салтанати Сомониён – нахустин давлати мутамаркази тоҷикон мувофиқ меояд. Бо баҳрабардорӣ аз сиёсати хирадмандонаву адабпарваронаи амирони Сомонӣ дар ин давра дар радифи соҳибқирони шоирӣ, устод Рӯдакӣ даҳҳо суханвароне, ба монанди Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ, Фороловӣ, Абушакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Имораи Марвазӣ ва ниҳоят Робиаи Балхӣ ба арсаи адабиёт ворид гардиданд, ки таровишҳои зеҳну андешаи онҳо то ҳол чароғи илму адаби форситаборон ва дудаи Сомонро фурӯзон нигоҳ медоранд.
Тибқи маълумоти Анзурати Маликзод Робиаи Балхӣ аз ҳамасрони ниҳоят ҷавони устод Рӯдакӣ буда, дар охири аҳди салтанати Сомониён зистааст. Тавре аз ахбори сарчашмаҳои таърихӣ огоҳӣ дорем, аксари суханвароне, ки дар замони Сомониён зиндагӣ ва эҷод кардаанд, соҳибдевон будаанд. Аз ин рӯ, ҳадс мезананд, ки Робиа бинти Каъб низ, ки аз ҷумлаи нахустин бонувони соҳибдевонест, ки ба ду забон, порсӣ ва тозӣ, шеър гуфтааст. Шояд ашъори ӯ дар замони зиндагияш тадвин гардида бошад, вале мутаассифона, бар асари ғоратгариву фарҳангсӯзии ғосибони таъриху адаби форс-тоҷик аз байн рафтааст.
Дар бораи ҷузъиёти рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ маълумоти зиёд ва саҳеҳ дар даст нест. Ҳатто соли таваллуду вафоти ин бонуи суханвар дақиқан маълум набуда, он чи ки дар сарчашмаҳои мавҷуда роҷеъ ба ӯ ва сарнавишту рӯзгори ӯ дарҷ гаштаанд, мухтасар ва гоҳо афсонавию дур аз ҳақиқат ба назар мерасанд.
Он чи аз маълумоти манбаъҳои дастрас бармеояд, ин аст, ки Робиа духтари ягона ва дуюмин фарзанди ҳокими Балх – Каъби Қаздорӣ буда, падараш дар касби камолот ва тарбияи маънавии ӯ кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Бинбар иттилои Ризоқулихони Ҳидоят дар “Маҷмаъ-ул-фусаҳо” Робиа аз ҷумлаи маликзодагоне будааст, ки дар ҳусну ҷамол ва хираду дониш ангуштнамо гашта, маҳорати хуби камонкашиву тирандозӣ низ доштааст. Мутассифона, падари маърифатпарвари шоира ба зудӣ аз сари ӯ меравад ва тарбияи Робиа ба зиммаи бародараш Ҳорис вогузор мешавад.
Шайх Аттор дар маснавии “Илоҳинома” ва Ризоқулихони Ҳидоят дар “Бектошнома” достоне аз зиндагии ӯро нақл кардаанд. Ба гуфтаи Аттор, Робиа духтари ҳокими Балх ва нодираи даврон будааст, ки дар натиҷаи бераҳмии рӯзгор ва муҳаббати самимияш ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат мерасад.
Ашъори Робиаи Балхӣ нахустин маротиба дар Тоҷкистон соли 1957 аз ҷониби Тоҷӣ Усмон дар маҷмуаи “Бисту се адиба” ба нашр расидааст. Аз ҷониби муаллифи мазкур соли 2006 китоби “Духтари ниқобдор” ба табъ мерасад, ки моҷарои сарнавишти Робиаи Балхиро дар асоси гуфтаҳои Аттор ба таври бадеӣ инъикос мекунад.
Баъдан дар маҷмуаҳои “Шоирони аҳди Сомониён” (1999) ва “Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ” (2007) намунаҳои шеъри Робиаи Балхӣ интишор ёфтаанд.
Бо кӯшиши адабиётшиноси варзида Анзурати Маликзод соли 2010 маҷмуаи ашъори Робиаи Балхӣ таҳти унвони “…Дарёи каронанопадид” ва соли соли 2025 китобе бо номи “Робиаи Балхӣ ва ашъори ӯ” ба чоп расидаанд, ки дар муаррифии ашъор, сабку услуби нигориш ва бозгӯии лаҳзаҳои ҷолиби рӯзгори шоира мусоидат менамоянд.
Ногуфта намонад, ки дар шинохту омӯзиши ашъори Робиаи Балхӣ ва интишори мероси ӯ саҳми донишмандони Эрон Аҳмад Идорачии Гелонӣ, Маҳмуди Мудаббирӣ ва муҳаққиқи афғон Ғуломҳабиби Наввобӣ низ назаррас аст.
Аз мероси адабии Робиаи Балхӣ то замони мо ҳамагӣ дар ҳудуди 55 байт, аз ҷумла 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт, дастрас гардидааст.
Бо вуҷуди теъдоди андак, ашъори маҳфузмондаи Робиаи Балхӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ аз ҷумлаи нахустин бонувони суханварест, ки аз рашҳи қалами ӯ файзи хирад ва гармиҳои муҳаббати занона эҳсос мешавад. Чунончи:
Ишқи ӯ боз андар овардам ба банд,
Кӯшиши бисёр н-омад судманд.
Тавсанӣ кардам надонистам ҳаме,
К-аз кашидан сахттар гардад каманд.
Ишқ дарёи каронанопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.
Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд.
Дар интиҳо месазад таъкид намоем, ки дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардидани 1050–солагии Робиаи Балхӣ рамзи эътироф ва арҷгузорӣ ба фарҳангу адаби пурғановату атиқаи форс-тоҷик буда, ҳар яки мо меросбарони ин ганҷинаи маънавиро водор месозад, ки баҳри дар сатҳи зарурӣ ва бошукӯҳ баргузор гардидани он саҳми босазои худро гузорем.
Муҳаббат Маҳмадалиева – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори МИТ “Мавлоношиносӣ”–и назди ДДБ ба номи Носири Хусрав
