Новобаста аз печидагии вазъи ҷаҳони муосир робитаҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун дар доираи шакл ва механизми мавҷудаю ташаккулёбанда рушд меёбад.
Бо мақсади рушд додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд 6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Вашингтон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми Формат «C5+1» (ё худ ҳамкорӣ)-и «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» «C5+1» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Формат «C5+1» яке аз механизми муҳимтарини сиёсиву иқтисодӣ дар фазои Осиёи Марказӣ буда, барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа имкониятҳои нав ба навро ба вуҷуд меорад.
Диққати шуморо доир ба фаъолияти Формат «C5+1» ё худ ҳамкории Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» «C5+1» ҷалб менамоям: Формат «C5+1» як механизми шарикӣ байни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ-Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буда, барои тавсеаи ҳамкорӣ, таҳкими алоқаҳо, баррасии мушкилоти минтақавӣ ва стратегӣ, таъсис ёфтааст.
Мақсади асосии Формати «C5+1» тақвияти амният, рушди иқтисодӣ, ҳамкории энергетикӣ, мубориза бо таҳдидҳо, инчунин беҳтар намудани сатҳи ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад. 1 ноябри соли 2015 Ҷон Керрӣ, Вазири корҳои хориҷии ИМА, мулоқоти ғайрирасмӣ бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор намуд, ки оғози Консепсияи Формат «C5+1» ҳосил гардид. Яъне Формат «C5+1» соли 2015 моҳи ноябр таъсис дода шудааст.
Дар доираи Формат «C5+1», ҳашт маротиба вохуриҳо бо намояндагони давлатҳои аъзо доир карда шуд. Ҳамоиши ниҳои дар қолаби «Осиёи Марказӣ-ИМА» «C5+1» дар шаҳри Вашингтони ИМА бо иштирок сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 6 ноябри соли равон баргузор гардид, ки сарвари давлати мо муҳтарам ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш суханрони намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбони ин ҳамоиш, Доналд Трамп барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос карда, доир ба зарурат ва роҳҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози андеша намуданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва амнияти пойдорро «заминаи бунёдии ҳама гуна робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ» арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд.
Бинобар захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географиии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи «энергияи сабз» ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя таъкид намуданд. Тоҷикистон ба инобати иқтидори иқтисодии худ, метавонад тавассути густариши ҳамкорӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки қолаби «C5+1» имкон фароҳам овард, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ равобити худро бо кишварҳои дигар ҳарчи бештар ба масири ҳамкории мутақобилан судманд, солим ва пойдор равона созанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аъзои фаъоли Формат «C5+1» ба шумор меравад ва дар тамоми масъалаҳо аз мулоқотҳои вазирони корҳои хориҷӣ шурӯъ намуда то ба гурӯҳҳои корӣ иштирок менамояд.
Мақсади асосии Формати «C5+1» тақвияти амният, рушди иқтисодӣ, ҳамкории энергетикӣ, мубориза бо таҳдидҳо, инчунин беҳтар намудани сатҳи ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин росто хело фаъол мебошад зеро Тоҷикистон, ки дар қисми ҷанубии Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, бо Афғонистон ҳаммарз аст. Аз ин рӯ, кишвари мо дар масъалаҳои амният, мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароӣ мавқеъи намоён дорад. Дар хусуси энергетикаи сабз ва захираҳои об: Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об ва гидроэнергетика буда, дар ташаббусҳои Формат «C5+1» оид ба энергияи тоза ва идоракунии захираҳои об ҷойгоҳи муҳим дорад. Дар хусуси нақлиёт ва пайвастшавии минтақавӣ кишвари мо тавассути ин формат мекӯшад роҳҳои транзитӣ ва иртиботи иқтисодиро бо давлатҳои ҳамсоя ва бо бозорҳои ҷаҳонӣ беҳтар намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тағйироти иқлим бештар осебпазир аст аз ин рӯ доир ба масъалаи мубориза бо тағйирёбии иқлим дар чаҳорчӯби ташаббуси Формат «C5+1» бо USAID ва дигар шарикон фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Он чӣ мо дар доираи формат «C5+1» мебинем, ин талоши дастаҷамъона барои сохтани фазои амн, мутараққӣ ва устувори Осиёи Марказӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ин раванд ҳамеша ҷонибдори таҳкими шарикии стратегӣ ва пешбурди ҳамкориҳои созанда бо ҳамаи кишварҳо мебошад.
Хулоса метавон гуфт, ки Формат «C5+1» дар муддати даҳ сола ба яке аз механизми ҳамкорӣ дар миёни ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Он роҳро барои муколама, ҳамоҳангсозӣ ва таҷрибаи муштарак дар бахшҳои амният, иқтисод ва энергетика фароҳам овардааст. Бо вуҷуди ин, ба хотири он ки чунин формат ба натиҷаҳои воқеӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди инфрасохтор ва технологияи нав расад, ҳамкории бештар, нақшаҳои ҷиддӣ ва пайгирии амалӣ заруранд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар оянда, он метавонад нақши муҳим дар таъмини амнияти минтақавӣ, гардиши сармоя ва рушди устувор барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико дошта бошад.
Самандар РАҶАБАЛИЗОДА,
омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатии ДДБ
