Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз ҷониби Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ қадрдонӣ карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар ин озмун Шавкат Баҳриддинов, магистранти курси дуюми факултети физика ғолиби ҷойи дуюм аз рӯйи номинатсияи физика ва астраномия, зери роҳбарии Рустами Тағаймурод, омӯзгори кафедраи физикаи умумӣ, Беҳрӯз Раҳимов, донишҷӯи курси 3 -юми факултети химия ва биология ғолиби ҷойи дуюм аз рӯйи номинатсияи биология, зери роҳбарии Раупов Бурҳониддин, омӯзгори кафедраи география, иҷтисодиёт ва методикаи таълими география ва Муҳаррама Эмомова, донишҷӯи курси 2-юми факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ аз рӯйи номинатсияи география ғолиби ҷойи 3-юм, зери роҳбарии Амиров Қиёмиддин, саромӯзгори кафедраи биологияи умумӣ дониста шуданд.

