Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар таърихи рӯзи 3-юми ноябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба давлати Қатар сафар намуданд.
Яке аз масъалаҳои бисёр муҳитм барои ҷомеаи башарӣ дар имрӯз ин иҷтимоиёткунонӣ ба ҳисоб меравад. Чуноне, ки аз расонаҳо ба мо маълум аст, бархе аз кишварҳо, аз он ҷумла дар қисмати Африқо, Сурия, Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҳиндӯстон ҳаёти иҷтимоӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ дар ҳоли нигаронкунанда қарор дорад, ки албатта оқибати ин носозгориҳои иҷтимоӣ ба нооромиҳо дар қаламрави кишварҳо оварда мерасонад.
Ин буд, ки Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 4-уми ноябр дар шаҳри Даҳваи давлати Қатар дар саммити дуюми ҷаҳонӣ иштирок ва суханронӣ намудаанд. Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии худ қайд кардаанд, ки адолати иҷимоӣ таъмин карда шавад.
Илова бар ин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки баробари рушди иҷтимоӣ ва таъмини ҳаёти иҷтимоӣ дигар соҳаҳо: қтисодӣ, сиёсӣ ва таърихию фарҳангӣ ҳалли худро меёбанд ва рушд мекунанд. Дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин санадҳои байнидавлатӣ ба имзо расонида шудааст, ки албатта ба соҳаи иҷтимоии Тоҷикистон ва давлатҳои муштарак такони ҷиддӣ бахшид.
Суханронии Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлати Қатар бори дигар исбот намуд, ки ҳамчун роҳбари раъиятпарвар ва ҳақиқатпеша дар таъмини ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ барои ҷомеаи башарӣ муаррифӣ гашт.
Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии заковатмандӣ ва башардӯстии ӯ буда, аз ин ҷиҳат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои ҷаҳон ҳамовозию дастгирӣ меёбанд.
Боиси ифтихори кулли мо мардуми Тоҷикистон аст, ки Пешвои муаззами мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари роҳбарони 10 кишвари аъзои СММ узви гурӯҳи сатҳи баланд оид ба масъалаи об эътироф гардидааст. Иқдомҳои наҷибу ташаббусҳои созандаи ин марди хирад, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтирому эътибори байналмилалии уро, ки аз дурандешӣ ва башардӯстии олии ӯ сарчашма мегирад, нуфузи Тоҷикистон ва минтақаро низ дар арсаи ҷаҳон боло мебарад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони сиёсати сулҳҷуёна ва дарҳои кушодро пеша намуда, сулҳу озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд. Маҳз ҳамин сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ташаббусҳои он ҳамеша дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгири меёбад.
Алихон Саидов,
доктори илмҳои сиёсӣ, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ
