Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби факултети факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилоот сӯҳбат -вохӯрии падару модарони донишҷӯён баргузор шуд.
Гуфта шуд, ки ҳамкории волидон бо муассиса метавонад сатҳу сифати таълиму тарбияро боло барад.
Аз волидайн даъват ба амал овард, ки аз болои фарзандон кор баранд, онҳоро беназорат нагузошта, пайваста бо кураторони гурӯҳҳо дар робита бошанд ва онҳоро ба хондану илм омӯхтан водор намоянд, то дар оянда мутахассиси варзидаи соҳаи худ шаванд.
Инчунин, аз падару модарон хоҳиш карда шуд, ки барои сари вақт ба дарс ҳозиршавӣ ва риояи пӯшидани либоси тавсиявии фарзандонашон ҳамеша зери назорат гиранд.

