Имрӯз дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президент доир гардид, ки дар он Ҳамроев Қурбоназар, муовини декан оид ба илм ва инноватсия, мудирони кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Мизи мудавварро муовини декан оид ба илм ва инноватсия оғоз намуд. Ҳамчунин Ш. Олматова, мудири кафедраи назария ва типологияи забони англисӣ дар мавзуи “Пешвои миллат-кафили сулҳ ва суботи кишвар” маърӯза намуд.
Сипас, З. Сафарова, омӯзгори кафедраи маетодикаи таълими забонҳои хориҷӣ, М. Саидова, омӯзгори кафедраи курси амалии забони англисӣ ва донишҷӯён суханронӣ намуданд.

