Дар таърихи ҳар кишвар ҳодисаву воқеаҳои муҳиме ҳастанд, ки дар сарнавишту оянда нақши бориз ва ҳалкунанда дошта, барои пойдору сарҷамъ намудани мардуми кишвар аҳаммияти бузург доранд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳо мебошад. Маҳз дар таърихи аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд дар қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев баргузор гардида, он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд. Ҳамчунин маҳз, ин иҷлосияи таърихӣ заминаи мусоиде барои рушду нумӯи ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.
Аз ин лиҳоз оғози раванди оштии миллии кишвар аз Иҷлосии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад.
Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода, аксарияти гурезаҳо – муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд. Ҳанӯз дар ҳамин лаҳзаҳои Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор намуда буданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат кунам».
Бо туфайли Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар иқлими сиёсии Тоҷикистон беистисно тағйироти куллӣ ба амал омад. Мамлакати азияткашида аз гирдоби ҷанги пурдаҳшати бародаркуш халос шуда, бо роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ қадам ниҳод, пешрафт ва инкишофи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро дар мадди аввал гузошта барои амалӣ намудани ин иқдомҳо диққати махсус доданд.
Аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ 33 сол гузашта бошад ҳам, вале дар ин фосилаи кӯтоҳ кишвар ба дастовардҳои назарраси иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ноил гардид. Дар пайроҳаи пур аз нишебу фарози ин давраи таърихӣ саҳми шаҳрвандони баору номуси миллат, чун неруи азими кишвар бисёр назаррас мебошад. Зеро онҳо дар ҳақиқат дорои имконияти бузурги зеҳниву ҷисмонӣ буда, соҳиби неруи созандагиву бунёдкорӣ, илму дониш, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияи замонавӣ мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки мо асосан дар бораи самтҳои асосии сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини субботи ҷомеа ва давлатсозиву давлатдорӣ менависем. Ин ҳама ҳаргиз нишони худхоҳиву тавсифи беасоси хеш нест. Дар ҳар гуфта, дар ҳар навишта як ҷаҳон меҳр, муҳаббат, самимият, садоқат нуҳуфта аст. Ин ҳама бар сари худ як навъ шукр мебошад ва ҳам дар навбати худ ҳушдоре аз рӯйи дилсӯзӣ. Оре, то ба қадри сулҳу салоҳ, ваҳдати комили миллӣ бирасем ва дар зимни он гузаштаро аз ёд набарорем.
Ин ҳама ҷангҳо қоидаҳои маъмулии худро доштанд. Дӯсту душман ошкор буданд ва ҳамдигарро, агар ҳам дар сад либос меомаданд, мешинохтанд. Ин ҷанг, ҷанги ягона ва бесобиқа ҳеҷ қоидае, ҳатто қоидае нонавишта надошт. Мегуфтанд пас бояд дуо бикунем, роҳбару сарвари шоиста бихоҳем. Дар чунин вазъи бас мураккабу ногувор Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари тозаинтихоби давлат, гуфт: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Дар он рӯзгор гуфтани ин сухан на танҳо душвор, балки бовар накарданӣ буд. Агарчи сулҳ бартару болотар аз нону ҷон маҳсуб мешуд ва онро мардум ба ҳар қимате, ки мешуд, мехариданд.
Изҳор медоштанд, ки чӣ гуна, бо чӣ, бо кӣ сулҳ меорад? Ҳама чизро овардан мумкин аст, ба ҷуз сулҳ. Бояд дар андешаи ҷони худаш бошад. Зинда бимонад, барояш хуш давлате аст.
Ва ҳам изҳор дошт: «То даме, ки охирин гурезаро ба Ватан барнамегардонам, худро осуда намеҳисобам».
Ин суханон низ шубҳаи зиёдро ба бор овард. «Бар чӣ эътимод дорад, бар кӣ эътимод дорад, ки бо қатъият, ҷиддият ва боварӣ ин гуна суханон бар забон меорад? Вақт бисёр хуб собит месозад, ки ин ҳама ҳеҷ ҳақиқате надорад ва ҳам ғайриимкон аст!», – мегуфтанд мардум.
Дар суханони ӯ, азму талошаш ҳама посухҳо мавҷуд буданд, аммо бар асари дидани манзараҳои ҷангу хунрезӣ, даҳшату қатлу ғорат бо андешаҳои караххт фаҳмударки он ҳама даст намедод.
Дидем, шоҳид шудем, ки гурезаҳоро овард. Ҳифзу амнияти ҷони онҳо ва обод намудани хонаҳои харобгаштаашон аз оварданашон ба чандин маротиб душвор буд. Бар замми ин ҳама гуруснагӣ ба навъи худ на танҳо онҳоро, балки кишварро таҳдид мекард. Дар хазинаи давлат маблағе вуҷуд надошт. Душманон аз ҳар ҷониб, аз дохил ва ҳам берун саъй мекарданд, то ҳама кӯшишаш бар бод биравад, суханонаш бар газоф бошанд, қатлу хунрезӣ, тороҷу ғорат ҳамоно идома биёбад, бияфзояд, то давлате бо номи Тоҷикистон аз байн биравад. Ин ҳамаро ӯ медонист. Аз суханони ӯ аст: «Ҳамчун Раиси Шурои Олӣ ва Сарвари давлат хуб мефаҳмидам, ки дар он давраи барои тақдири Ватан ва халқи кишвар ниҳоят душвор кадом масъулиятро ба зимма гирифтам».
Медонем, чун дидему шоҳид гардидем, ки дар он даврони ниҳоят душвор ҳеҷ кас, ҷуз ӯ ин масъулиятро ба зимма нагирифт. Ин масъулиятро, воқеан, нафаре ба зимма мегирифт, ки бояд тамоми ҳастияшро ба Ватану мардум мебахшид.
Ӯ барҳақ наҷотдиҳандаи давлату миллати тоҷикон, бунёдгару нигоҳдорандаи истиқлол, ободгари ин кишвари аҷдодӣ аст.
Ӯ барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад. Ҳатто ҳамин як хидмати бузургаш, ки барои мо, тавре ки худ гуфт: «Сулҳ меорам» ва овард, кофист, ки номаш барои ҷовидон бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаи таърихи миллат ва башар навишта шавад. Не, балки навишта шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ, бисёр сиёсатмадорон гумон доштанд, ки дар он вақт инсони боақлу заковате пайдо нахоҳад шуд, ки миллат ва ватани худро аз ҷанги бародаркушӣ ва маҳви миллат наҷот диҳад ва Ватанашро аз вартаи нестшавӣ боз дорад. Дар ҳамон лаҳзаҳои басо душвор ва вазъи бисёр муташанниҷу печида Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини амният ва осоиши мардум, шукуфоии кишвар, эҳёи тамаддуни гузашта, ба хотири эҳтиром, тамоми арзишҳо ва муқаддасоти миллии Тоҷикистонро хонаи умеди ҳамаи тоҷикони дунё эълон намуда, сулҳи бозгаштро ба мардуми шарифи кишвар кафолат дода буданд.
Ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматӣ маҳрум гашта, қисмате қурбони ин фоҷиаи миллӣ гардиданд. Новобаста ба ин, халқи тоҷик ба субҳи умед эътимод дошта, сафедии шабро интизор шуда ва билохир бо афкори озод дари саодатро бикушод:
Аз ноумедиҳо басо умед аст,
Поёни шаби сияҳ сафед аст.
Бешубҳа Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Ҳаминро қайд кардан ҷоиз аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ гардонидани ин ормонҳо ва нияти некашон шабу рӯз, бе эҳсоси хастагӣ талош варзиданд ва дар чунин марҳила барои миллати ҷафокашида ҳалкунанда ба баргардонидани тамоми гурезагон ба ватан оғоз карданд.
Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он Иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Зеро, ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан сарсону саргардон умр ба сар мебурданд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик ҳақиқатан ҳам барои халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён тақдирсоз буда, аҳаммияти таърихӣ – умумҷаҳонӣ дорад, чунки дар ин иҷлосияи таърихӣ ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ боз дошта, ҳукумати қонунӣ барқарор карда шуд, ба пойдевори сулҳу салоҳ асос гузошта, барқарор кардан ва инкишофи хоҷагии халқ оғоз гардид.
Истиқлолияти сиёсии давлати тоҷик 9 сентябри соли 1991 расман эълон шуда бошад ҳам, амалӣ гардидани он аз иҷлосияи тақдирсози миллат – иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Дар иҷлосия интихоби роҳбари давлат, баъд аз тасдиқ гардидани рӯзномаи он, яке аз масъалаҳои муҳим ҳисобида мешуд. Чунки рафти кори иҷлосия, муҳокима, қабули қарор ва хулосаҳои судбахш аз бисёр ҷиҳат ба сарвари нави давлат вобастагии калон дошт.
Шароите, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуданд, Ватани нав ба истиқлол расидаи Тоҷикистон рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик тахдид мекард.
Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд.
Бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонат, халқи тоҷикро аз сарсониву парешонҳолӣ сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор гурезагонро ба Ватан баргардонд. Вале ба майдони сиёсат ворид гашт он фарзанди фарзонаи миллат, он марди майдон, ин шахси бузург Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Коре карданд, ки ҷанги бародаркуш хотима ёфт, гурезаҳо ба ватан баргаштанд, сулҳ пойдор шуд. Ҳаёти осоишта ҳукмрон шуд ва сипас барои ҳамаи сокинони мамлакат, созмонҳо, ҳизбҳои сиёсӣ Ваҳдати миллӣ амалӣ гашт. Дар вақти қасамёдкунӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони мардуми, аъзои парлумон, намояндагони халқ ба мардум ваъда доданд, ки “Ман корро аз барқарории сулҳу осоиштагӣ ва оромии кишвар оғоз мекунам” ва дар ҳақиқат ба ваъдаи худ вафо намуданд.
Дар ҳақиқат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро бо барқарории сулҳ дар сарзамини қадимаи мардуми тоҷик оғоз карданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён исбот намуданд, ки масъалаҳои мушкилтаринро низ бо роҳи сулҳу субот метавон ҳал кард.
Мардуми кишвари мо гирифтори кашмакашҳои ҳалокатбори қувваҳои бадхоҳи сиёсии дохиливу хориҷӣ шуда буданд, ки мақсади асосиашон пароканда намудани миллати тоҷик ва аз байн бурдани давлати ҷавони мо буд.
Маҳз ба шарофати хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар заминаи талошҳои воқеан ватандӯстонаи вакилони мардумӣ ягона минтақаи ороми кишвар – шаҳри бостонии Хуҷанд макони баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Бартараф намудани мушкилоти пешомада кори ниҳоят сахту сангин буда, ба як роҳбари сиёсие ниёз дошт, ки ба ҷуръати сиёсӣ рафта, давлати тозаистиқлол, миллати тоҷикро ҳифз карда бошад. Шахсияте лозим буд, ки симои миллӣ дошта, ҷасуронаву содиқона аз нигоҳи манфиати миллӣ ба вазъияти мавҷуда бархӯрд намуда, роҳи ҷангро мегирифт. Доштани малакаи роҳбарӣ, боваркунонӣ, ҷасорат, иродаи матин, дипломати хуб будан имкони ҳалли мушкилоти сиёсиро бештар менамуд.
Беҳокимиятӣ ба амнияти давлатӣ ва якпорчагии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ пеш овард. Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ягона ниҳоди сиёсӣ ва легитимии кишвар кӯшиш намуд, то раванди идоранамоии давлат ба даст гирифта шуда, оташи ҷанги дохилӣ хомӯш гардад. Чуноне ки дар ин бора профессор Маҳмадов А. қайд менамояд: «Он замон танҳо Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона қувваи сиёсие гардид, ки тамоми масъулиятро дар назди таърих ва миллати тоҷик ба дӯши худ гирифт. Ин иҷлосия исбот намуд, ки миллати тоҷик дорои қувваи солим ва иродаи қавиест, ки кишварро аз бӯҳрони сиёсӣ берун мебарорад».
Набудани суботи сиёсӣ ва амният дар пойтахти кишвар масъулинро водор менамуд, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шимоли ҷумҳурӣ, ки нисбатан авзои орому амн ҳукмфармо буд, баргузор гардад.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароите баргузор гардид, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги дохилй шиддат дошт, сохторн давлатӣ фалаҷ шуда, беҳокимиятӣ ҳукмфармо буд. Ҳар гурӯҳ ба таври фаҳмишу хоҳиши худ дар ҷомеа ҳукмронӣ намуда, ҳокимиятро эътироф намекард. Баргузор гардидани иҷлосия бо иштироки вакилони мардумӣ, роҳбарони мақомотҳо, намояндагони аҳли фарҳанг, илму адаб, намояндагонн дигар мардум як зарурати таърих буд, ки барои равшан намудани роҳи ояндаи кишвар асос ба миён меовард. Вазъияти сиёсии кишвар водор менамуд, низоми президентии давлатдорӣ ба низоми парламентӣ, ки хусусияти асосии онро иштироки ҳамаи намояндагони мардуми кишвар дар идоранамоӣ ташкил медиҳад, иваз карда шавад. Тамоми масъулияти давлатдорӣ ба дӯши Роҳбари навинтихобшудаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид.
Масъалаи асоӣ дар ин иҷлосия чигуна гирифтани пеши муқовимати мусаллаҳона, ки дар пайи худ харобии зиёд барои кишвар дошт, ба ҳисоб мерафт. Дар умум бидуни ҳалли масъалаҳои мазкур иҷрои ҳаргуна фаъолият, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, муқаррар намудани роҳи ояндаи давлатдорӣ номумкин буд.
Дар давраи музокирот байни мухолифин ва Ҳукумати қонунӣ 3 гурӯҳи масъалаҳо ба рӯзномаи гуфтушунид дохил шуда буданд:
Масъалаи бозгашти гурезаҳо;
Масъалаи оташбас;
Масъалаи сохтори конститутсионӣ.
Барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ, эътирофи он аз тарафи ҳаргуна гурӯҳҳои сиёсӣ дар шароити бад будани шароити иқтисодиву молиявии давлат, набудани суботу амнияти шахсӣ, зиддияти мусаллаҳона кори бисёр сангин ба ҳисоб мерафт. Гузашта аз ин таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти таъмини мардум бо ғизо, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ватан вазифаи давлат ба ҳисоб мерафт.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари соҳибистиқлолии давлатӣ рӯйдоди муҳими таърихӣ ва тақдирсози миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Зеро истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон озодӣ ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳи аз байн рафтани давлат ва миллати тоҷикро гирифт. Аз ҳамин нуқтаи назар истиқлолият, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ин се рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар такдири минбаъдаи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон аҳамияти баланди сиёсӣ касб намуд.
Нооромии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ боиси қафомонии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ гардид. Гирдиҳамоиҳо тӯлонӣ ва кашмакашии неруҳо ва гурӯҳҳои мусаллаҳ на танҳо инкишофи кишварро халалдор менамуданд, балки вазъияти сиёсиро мураккаб намуда, торафт ҷумҳуриро ба ҷанги дохилӣ наздик мекарданд. Чунин шароити ғайричашмдошт ҷониби ҳукуматро водор мекард, Ҳукумати муросои миллӣ ташкил карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев фармон «Дар бораи ташкили Ҳукумати Муросои Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расонид, ки дар натиҷа ба ҳайати нави ҳукумат намояндагони Иттиҳоди неруҳои оппозитсионӣ шомил гардиданд. Аммо ба ин нигоҳ наакарда ҳукумат аз уҳдаи идораи давлат набаромад, гурӯҳҳо боз ҳам кори худро идора медоданд. Ҳатто гурӯҳии силоҳбадаст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикпстон Раҳмон Набиевро ба таври фишороварӣ маҷбур намуданд, ки ба таври ихтиёрӣ аз вазифааш даст кашад.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудани ҳокимияти қонунӣ, пешбурди давлатдорӣ, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ санадҳо ва ҳуҷҷатҳои заруриро қабул кард. Бо талошу заҳматҳои Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаду меъёрҳои қабулшуда мавриди амал қарор гирифтанд. Дар кишвар сохторҳои қудратӣ, Гвардияи миллӣ, мақомоти Амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохила ташаккулу инкишоф ёфта, дар самти ба эътидол овардани вазъияти нооромии сиёсии дохилӣ фаъолияти густурдаеро пеша намуданд.
Кори ниҳоят муҳиме, ки дар он давра ба анҷом расонида шуд, баргардонидани гурезагони иҷборӣ аз хоки Афғонистон мебошад. Зеро ин масъала барои таъмини ваҳдату ягонагӣ, оромии дохилӣ ва ҳаллу фасли дигар мушкилот робитаи қавӣ дошт. Бо ин кор низоми самаранокии фаъолияти давлат исботи худро пайдо намуда, умеду эътибори шаҳрвандон нисбати ҳокимият бештар гардид.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гирифтани роҳи ҷанги дохилӣ даъват гардида буд, рисолати таърихии худро ба пуррагӣ ба ҷо овард. Дар рафти муҳокимаи масъалаҳо дар заминаи муносибати гузашта, таҳаммул аҳли маҷлис тавонист қарорҳоеро қабул намояд, ки ҷавобгӯйи талаботу манфиатҳои тамоми мардуми Тоҷикистон бошад. Иҷлосия тавонист ба ҳалли масъалаи бунёдии рушди кишвар комёб гардад. Қабл аз ҳама ба давраи беҳокимияӣ, ки чанд муддате ҳукмфармо буд, хотима бахшида шуд. Раиси нави Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳиятан салоҳиятҳои сардори давлатро дошт, дар вақти лозима интихоб гардид.
Дар иҷлосия 23 масъалаи ҳаётан муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт. Яке аз масъалаҳои асосй ба эътидол овардани ва ҳукумати нави ҷумҳурӣ оғоз меёфт. Баъди гузориши раиси ҳамонвақтаи Шурои Олӣ Акбаршо Искандаров оид ба вазъи сиёсии кишвар дар рӯзномаи ҷаласа масъалаи интихоби Раиси нави Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Ба ин мақом Эмомалӣ Раҳмон – шахси ҷавону ғаюр, худогоҳу ватандӯст пешбарӣ гардид. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ ӯ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гашт. Ба ҷонибдории ӯ аз 197 вакили мардумӣ 186 нафар овоз доданд. Эмомалӣ Раҳмон парчами кишварро бӯсида, савганд ёд кард ва ба иштирокдорони иҷлосия рӯй оварда гуфт: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона менамоям. Барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат менамоям. Чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам».
Тазаккур бояд дод, ки нахустин Қонун дар бораи авфи иштирокдорони муноқишаҳои мусаллаҳона, қонуну санадҳои муҳими дигар, аз ҷумла дар бораи баргардондани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ва ҳамчунин барқарор намудани хонаҳои сӯхтаю валангори онҳо маҳз дар ҳамин иҷлосия қабул шуд. Тавре таъкид гардид, Парчам ва Нишони нави Тоҷикистони соҳибистиқлол низ баъди беш аз як соли расидани кишвар ба истиқлоли давлатӣ маҳз дар ҳамин иҷлосия қабул карда шуд.
Аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон то имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечутоби музокиротро тай намуд. Дар давоми қариб чор сол ҳашт давраи музокирот, 21 мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохӯриҳои ғайрирасмӣ анҷом дода шуд. Дар ин раванд ҳадафи асосй таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳарчӣ зудтар ба ватан баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллат буд. Татбиқ гардидани қарори Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси хомӯш гардидани ҷанги дохилӣ гардид, ки бо ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти мпллӣ» дар кишвар фазои сулҳу оромӣ ҳукмфармо шуд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро ба миён онарда, дурнамои асосии стратегияи рушди кишварро муайян намуд.
Дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 51 қарор, 6 фармон ва ду изҳорот қабул гардид, ки нақши онҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо хеле бузург аст.
Ба ҳамин хотир Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи тақдирсоз буд ва тӯли чанд сол пас аз баргузории он исбот намуд, ки Иҷлосия тақдири миллат ва давлати тоҷиконро ба дурустӣ ҳал карда буд. Ба шарофати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён ва бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро шинохтанд ва эътироф карданд. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон аввалин бор таҳкурсии сиёсати байналхалқии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро гузошт ва имрӯз мо бо фахр гуфта метавонем, ки мо ворисони Сомониёнем.
Ба ҷасорат ва диди фарохи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои ҳаққонӣ надодан камоли инсонӣ нест. Зеро дар ҳамон замони пурталотум иҷрои ин вазифа хело ва таъмини сулҳ ҷоннисорӣ кардаанд.
Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани иқдому пайомадҳои таърихии иҷлосияи шонздаҳум барои ҷомеаи имрӯзу ояндаи кишвари соҳибистиқлоли мо бисёр муҳиму ибратомӯз ва дар маҷмуъ қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад.
Садбарги Исо,
устоди кафедраи таърихи халқи
тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав,
узви ИЖТ

