Моҳи ноябр барои мо, тоҷику тоҷикистониён, ба маънои том моҳи таърихӣ, пурмоҳияту пурфайз маҳсуб мешавад. Муҳимтарин рӯйдоди ин ин моҳи муборак Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Замоне, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шуданд, зиёд буданд касоне, ки ба комёб шуданашон чандон бовар надоштанд. Қумандонҳову силоҳбадастонро саришта кардан осон нест, мегуфтанд. Дар айёми пурҳаводис баъзе мансабдорон барои офияти худ аз курсӣ даст мекашиданд, бисёриҳо ба шаҳри Душанбе омадан намехостанд. Тамошобинҳо ҳам буданду бетарафҳо ҳам. Аммо фарзандони баномуси Ватан бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наҷоти миллату сарзамин пофишорӣ карданд.
Лозим ба ёдоварист, ки вақте муҳтарам Эмомалӣ Раҳмони ҷавон ба сари қудрат омаданд, вазъият бисёр муташанниҷ буд. Хушбахтона, он кас тавонистанд, ки вазъиятро ба эътидол оранд. Кадрҳои хеле хубро дар атрофашон гирд оварданд. Шахсе шуданд, ки мардум бовар карданд. Вақте ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ баромад карда гуфтанд: «То вақте ҳастам, кӯшиш мекунам, ки ба ҳар як хонадон сулҳ биорам», инчунин, «мо аз роҳи давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ намегардем», мардум хуб қабул карданд ва ба сулҳу ваҳдат ва ободии зиёд ноил шудем, ки ҳама аз хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҷуръат, касбият, қавииродагӣ, принсипнокӣ ва дигар хислатҳои он кас имкон дод, ки дар зарфи 34 сол ба натиҷаҳои дилхоҳ расем ва институти президентӣ ҳам мукаммал шавад. Албатта, ҳамаи ин на танҳо ба ниҳод, ба шахсият ҳам вобаста аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз салоҳиятҳое, ки Конститутсия ба Президент додааст, дуруст истифода бурданд ва ба натиҷаҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш ноил гардидем.
Сарнавишти ҳар миллати соҳибтамаддун ба азму иродаи матин, қалби бузургу пурмеҳр, ҳиммату ҷавонмардӣ, ҳисси ватандӯстиву ваҳдатгароӣ, мардумсолориву фарҳангпарварӣ, бедориву дарки дурусти воқеият, маҳорати таҳлили ҳаводиси рӯзгор, роҳандозии барномаҳои созанда ва нигоҳи неки фарзонафарзандонаш ба фардои дурахшон пайванди ногусастанӣ дорад. Ба дӯши Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифае вогузор гардид, ки ҷоннисориро тақозо дошт. Касе инкор карда наметавонад, ки он замон силоҳ гапи асосиро мезад. Пеши онро гирифтан, дар муқобили силоҳ сина сипар кардан шуҷоату мардонагӣ талаб мекард. Ҳамин гуна мард, ҳамин гуна фарзанди ҷоннисори Ватан Эмомалӣ Раҳмон буд. Инро гузашти вақти на он қадар дур собит намуд.
Ба ибораи дигар, маҳз бо заҳмату талошҳои хастанопазири Пешвои миллат субҳи умед дамидаву зиндагии шоистаи дорои арзиши олӣ баҳри мардум эҳдо карда шуд. Аз ин лиҳоз, таҳия, қабул ва ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки тибқи он, ҳамасола 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад, муҳим асту бениҳоят саривақтӣ. Ба 16 ноябр рост омадани ҷашни мубораки умумимиллӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ ба он дорад, ки маҳз 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Ҳамон сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ иваз карда шуд.
Бо назардошти нақши боризи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи кишвар хурду бузурги кишвар Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ва ифтихори баланди миллӣ ҳамчун рӯзи адолату қадршиносии хизматҳои таърихии Пешвои миллат пешвоз гирифта, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ба иқдомҳои неки Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут медонанд.
То ҷое иттилоъ дорем, дар дунё ду шакли интихоботи Президент маълум аст. Яке интихоботи бевосита, ки дар он шаҳрвандон бевосита Президентро интихоб мекунанд ва дигаре интихоби бавосита, ки дар он Президент тавассути намояндагон интихоб мегардад. Таҷриба собит кардааст, ки шакли интихоботи бевосита барои идоракунии давлат бартарӣ дорад, зеро Президент ваколатро бевосита аз халқ мегирад ва дигар қувваҳои сиёсӣ наметавонанд ба фаъолияташ дахолат кунанд.
Албатта, институти президентӣ таърих дорад. Он аз қабули Конститутсияи Амрико (соли 1787) сарчашма мегирад ва то ҳол дар бисёр давлатҳои минтақаҳои Аврупо, Осиё ва Амрико аз он истифода мебаранд.
Пеш аз он ки дар Тоҷикистон ниҳоди президентӣ дар Қонуни асосӣ ҷой карда шавад, он аввал дар Иттиҳоди Шуравӣ ба вуҷуд омад ва баъд дар сатҳи ҷумҳуриҳо паҳн шуд. Дар кишвар 29 ноябри соли 1990 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ» қабул шуд ва Қаҳҳор Маҳкамов ба сифати Президент аз тарафи парлумон интихоб гардид.
27 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ баъд аз истеъфои Раҳмон Набиев бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз ин институт даст кашида шуд. Вақте ки соли 1994 лоиҳаи Конститутсия таҳия мегардид, бисёр баҳсу мунозира сурат гирифт ва оқибат гурӯҳи корӣ ду лоиҳа таҳия кард: якум, лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ, дуюм, ҷумҳурии парлумонӣ. Ҳамон вақт руҳияе пайдо шуд, ки гӯё бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷикомада аз интихоботҳои президентии соли 1991, замоне ки Раҳмон Набиев ва дигарон номзадиашонро монданд, шуруъ шудааст. Тарафдорони лоиҳаи ҷумҳурии парлумонӣ ин асосро пеш меоварданд.
Бинобар ин, ҳангоме ки лоиҳаи Конститутсия соли 1994 омода мешуд, ҳамон вақт дар масъалаи шакли идораи Тоҷикистон баҳсҳо пайдо шуданд. Ҷумҳурии парлумониро он вақт гурӯҳе шакли идоракунии мисли Иттиҳоди Шуравӣ мефаҳмиданд. Аз ин рӯ, тарафдор дошт. Вақти баррасӣ бо пешниҳоду ибтикорот ва истодагарии Сарвари давлат – Раиси ҳамонвақтаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ ба хулоса омад, ки барои Тоҷикистон шакли идораи президентӣ беҳтар аст ва он ба овоздиҳии умумихалқӣ пешниҳод шуд.
Қобили зикр аст, ки барои таҳияи лоиҳаи Конститутсия соли 1994 гурӯҳи корӣ иборат аз 11 нафар ва Комиссияи конститутсионӣ бо зиёда аз 70 нафар аъзо фаъолият мекард. Вақте ки гурӯҳи корӣ ду лоиҳаро пешниҳод кард, андешарониҳо сурат гирифтанд. Аз ҷониби шаҳрвандони кишвар қариб 8500 пешниҳод ворид шуд, ки ҳама мавриди баррасӣ қарор гирифт. Лоиҳа такмил дода шуда, шакли идоракунии президентӣ қабул гардид. Яке аз заминаҳои мустаҳками рушди давлатдорӣ тайи 34 сол ниҳоди президентӣ аст. Яъне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки давлатдории навинро ташкил кунанд. Президент аз салоҳиятҳояшон хуб истифода бурда, ҳама рукни давлатдориро ба вуҷуд оварданд. Дар расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ҳам институти президентӣ саҳми созгор гузоштааст. Масалан, Комиссияи оштии миллӣ ташкил гардид. Низом ҳамин гуна буд, ки комиссия қарорҳоро қабул ва ба Президент пешниҳод мекард. Президент, агар дар салоҳияташон мебуд, онро қабул мекарданд ва агар дар салоҳияти парлумон мешуд, ба Маҷлиси Олӣ равон менамуданд. Ин ҳам барои амалишавии ваҳдати миллӣ имкони зиёд дод. Президент ҳам Сарвари давлат ва ҳам Сарвари зинаҳои мақомоти иҷроия аст. Яъне, идоракунандаи низоми давлатдорӣ мебошад.
Бартарии шакли идораи президентӣ боз дар он аст, ки президенти аз тарафи халқ интихобшуда ҳамчун пешво, амалкунандаи орзую ормонҳои халқ ва нишони ягонагии миллат баромад мекунад. Ин шакли идоракунӣ ба як шахс салоҳият медиҳад, ки дар лаҳзаҳои душвор бо истифодаи ваколат давлатро аз гирдобҳои гуногуни сиёсию иқтисодӣ берун орад. Таҷрибаи таърихии начандон дур нишон медиҳад, ки дар мушкилтарин давраҳои рушди давлатҳо нақши Президент дар пешрафти давлат ҳалкунанда мегардад. Дар мушкилтарин давраи солҳои аввали истиқлолият дар мамлакат, маҳз, кордонию ҷасорат, таҳаммулпазирию пуртоқатӣ ва дигар сифатҳои шахсии Президенти ҷумҳурӣ боис ба пойдорию рушди давлати ҷавони соҳибистиқлоламон гардид.
Ба бахти мардуми шарифи Тоҷикистон дар давраи бисёр мушкилу сарнавиштсози миллат моҳи ноябри соли 1992 роҳбарии давлат ба зиммаи Эмомалӣ Раҳмон, фарзанди фарзонаи миллат, шахсе ки ҷасурона масъулияти раҳо намудани давлатро аз буҳрони амиқи сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба зимма гирифт, баргардонидани гурезаҳо ва таъмини ваҳдату ягонагиро ваъда дод, барқарор намудани сохти конститутсиониро вазифаи муқаддас эълон намуд, вогузор гардид. Маҳз, таҳти роҳбарии ин Абармарди таърихӣ ҷумҳурӣ аз вартаи нестшавӣ раҳоӣ ёфта, давлат эҳё гардид. Тайи он солҳо Тоҷикистон тавонист аз бунбасти коммуникатсионӣ барояд, истиқлолияти энергетикиро ба даст орад, амнияти озуқавориро таъмин намояд ва ҳоло дар самти саноатикунонии босуръат корро бомаром идома дода истодааст. Дастовардҳои иқтисодию сиёсии тайи 34 соли соҳибистиқлолӣ бадастовардаи кишвар ба номи Президенти маҳбуб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбутанд.
Маҳз, дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони навин дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди садҳо ҳазор гектар боғу токзор дастовардҳои назарраси ин марҳила мебошанд.
Инчунин, сохтмон ва таъмиру таҷдиди ҳазорҳо мактабу кӯдакистон ва муассисаҳои тиббӣ, қомат афрохтани даҳҳо кохи фарҳангу китобхона, варзишгоҳ ва умуман, дигаргун гардидани симои шаҳру ноҳияҳо ва шароити зисти сокинони онҳоро ҳамарӯза шоҳидем. Илова бар ин, кишвари мо дар сиёсати байналмилалӣ мавқеи шоиста касб карда, таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳонро баҳри ҳамкориҳои васеи мутақобилан судманд ҷалб намуд ва бо роҳандозии сиёсати «дарҳои боз» дар масири рушду пешрафт қадамҳои устувор гузошт.
Мақому манзалати бениҳоят баланди кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ бевосита ба ибтикороти Пешвои миллат алоқаманд буда, ҷонибдории сокинони сайёра аз ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат ҷиҳати ҳалли масоили глобалии ҷаҳон далели ин гуфтаҳост. Боиси шарафмандӣ ва сарбаландии миллати тоҷик аст, ки 26 июли соли 2011 Кумитаи академикии Шурои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои хизматҳои шоиста ва арзандааш дар таьмину таҳкими сулҳ, тамаддунсозию фарҳангпарварӣ, мусоидат ба ваҳдати миллӣ ва ҳифзи муҳити зист, рушди пояҳои иҷтимоӣ ва таъмини эҳтироми манзалати инсонӣ ба унвони олии фарҳангию сиёсӣ «Пешвои асри XXI» мушарраф гардонд.
Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ эмин монд ва мардуми хонабардӯшу бесарпаноҳмондаи аз даҳшати ҷанги бародаркуш хаставу афгор дубора бо умеду ормонҳои аз нав зиндашуда ба хоки муқаддаси Ватан баргаштаву паҳлуи ҳам аз сари ваҳдату якдилӣ дар ҷабҳаҳои созандагӣ ба кору пайкор пардохтанд. Агар мухтасар гӯем, муваффақият, дастовард ва маҳбубияту бурди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатсозиашон рабт дорад.
Дар маҷмуъ, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории навин марбут буда, моҳиятан идомаи мантиқии арҷгузории ҳамватанонамон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо маҳсуб мешавад.
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат,
ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав,
доктори илмҳои иқтисод,
профессор
