Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона таҳти унвони “Саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ ва бунёди давлатдории навини тоҷикон” доир шуд
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оид ба таълим сухани ифтитоҳии оғоз гардид.
Дар идомаи суханронӣ иброз намуд, ки бо назардошти хидматҳои содиқона ва мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳалқи шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо ин санаи фархундаро бо эҳтиром ба Сарвари давлат ҳамчун Рӯзи Президент бо фараҳу шодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд.
Гуфта шуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои фаъолияти мардум тағйироти куллиро ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар заминаи мусоид гузошта бошад, аз ҷониби дигар ҷиҳати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва давлатдории муосири арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад. Илова гашт, ки маҳз сиёсати дурандешона ва ботадбиронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян карда шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор омӯгорони фаъоли донишгоҳ бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Раёсати донишгоҳ ва Ифтихорномаи Кумитаи мутаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Сипас, аз ҷониби дастаи ҳунарии “Леваканд”-и донишгоҳ барномаи шеъру суруд манзури ҳозирин гардонида шуд.

