Имрӯз бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳкими маърифати сиёсиву ватандӯстӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз осорхонаи абармарди олами сиёсат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд.
Ин ташаббуси аз ҷониби Иттифоқи касаба ва шуъбаи тарбияи донишгоҳ роҳандозӣ гардид.
Зимни боздид иштирокчиён бо таърихи таъсисёбӣ, осори арзишманд, дастовардҳои муҳиму таърихии даврони Истиқлол ва саҳми Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот, ваҳдат ва рушди устувори кишвар шинос гардиданд.
Чунин ташрифҳои гурӯҳҳои ҷавонон ҳадафмандона ба роҳ монда шуда, барои рӯҳбаландсозӣ, таҳкими худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамоянд.
Қайд карда шуд, ки таҷлил намудани Рӯзи Президенти кишвар ин боварию, эътимод ва меҳру муҳаббати самимонаи хурду бузурги мардуми тоҷик нисбат ба Пешвои муаззами миллат мебошад. Имрӯзҳо дар дилу дида ва гӯфтори ҳар як фарди баору номуси миллат, роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамун Президенти мардумӣ, Президенти ятимпарвау сулҳовар, Президенти маорифпарвару бунёдкор ва ҷавонпарвар шунида ва эҳсос карда мешавад, ки ин аз матонату қавииродагӣ ва фазилатҳои хуби ин шахсияти барҷастаи таърихи гувоҳи медиҳад.
Ҷойи ифтихор аст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор додаанд. Мо насли ҷавони созандаи кишварро месазад, ки дар пайрави аз Пешвои миллати худ ифтихор намуда, таҷрибаи сулҳовар ва мактаби бузурги сулҳпарвару онро биомӯзем.,

