16-уми ноябр барои мардуми тоҷик санаи сарнавиштсоз ва рӯзи ифтихори миллӣ мебошад. Дар ин рӯз сокинони кишвар бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат, Рӯзи Президентро бо тантана ва ифтихор таҷлил менамоянд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурӣ Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» – шурӯъ аз соли 2016,16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин рӯз арҷгузорӣ ба хизматҳои беназиру таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо хиради азалӣ,ҷасорати нотакрор ва иродаи қавӣ тавонистанд миллати тоҷикро аз вартаи нобуди наҷот бахшанд, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба давлати пешрафта, амну обод ва соҳибэҳтиром табдил диҳад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид. Дар чунин рӯзҳои сангин ва тақдирсоз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ бо иродаи қавии мардумпарварона тамоми қувва ва имконияти худро баҳри барқарор кардани сулҳу осоиштагӣ ,ва баргардонидани гурезагон равона сохта борҳо ба мухолифин суҳбат намуданд.
Пешвои миллат дар аввалин суханронии худ қавл доданд, ки «Ман охирон гурезаро ба ватан бармегардонам». Воқеан, бо ҷасорату фидокории бесобиқа ва эҳсоси гарми ватанпарварӣ, ин ваъдаро амалӣ карданд. Он кас бо сабру таҳаммул, сиёсати оқилона ва диди нек тавонистанд пояҳои давлатдории миллиро устувор намоянд. Аз ҷумла, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои созишномаи Сулҳи умумимиллӣ тоҷикон, таъсиси Артиши Миллӣ ва нерӯи ҳифзи сарҳад, барқарорсозии инфрасохтори давлат, ин ҳама намунаи ҷоннисорӣ ва хирадмандии Пешвои миллат мебошад.
Муайян намудани Рӯзи Президент ҳамчун ҷашни давлатӣ ва танҳо рамзи эҳтиром ба хизматҳои беназири Пешвои миллат, балки нишони эътимоду иттиҳоди мардум дар атрофи хирадманд ва созандаи худ мебошад.
Таҷлили ин рӯз ифодаи ҳамбастагии миллӣ, ватандӯстӣ ва қадрдонии халқи тоҷик аз хизматҳои таърихиву тақдирсози Пешвои миллат, бо сиёсати хирадмандона ва барномаҳои стратегии давлати, аз ҷумла рушд дар соҳаи маориф, тандурустӣ иқтисод ва энергетика, ба беҳбудии зиндагии мардум ва рушди устувори кишвар саҳми беназир мегузоранд.
Мо рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ва ғурури баланди миллӣ ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа пешвоз гирифта, тамоми дастовардҳои замони Истиқлолили давлатиро бо иқдомҳои неки Пешвои миллат вобаста медонем.
Давлатзода Абдурраҳмон,
омӯзгори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии ДДБ ба номи Носири Хусрав

