Дар Маркази “Фазои русӣ”-и Донишгоҳи Русия ва Тоҷикистон (Славянӣ) озмуни таълимии “Мутахассиси забони русӣ”-ро байни донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни факултети забон ва адабиёти русии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носир Хусрав иштирок карданд.
Дар даври ниҳоӣ Сатторой Гулноза, донишҷӯи соли чоруми факултети забон ва адабиёти рус, дар ду номинатсия: “Супоришҳои тестӣ” ва “Нақли хаттӣ” иштирок намуда, сазовори ҷои аввал гардид.
Ҳамчунин, Фазлиддин Соатов, донишҷӯи соли сеюми факултети забон ва адабиёти рус, дар бахши “Қироати ифоданоки шеър” ҷои аввал ва Эҳромиддин Раҳимов, донишҷӯи соли якуми факултети забон ва адабиёти рус, дар бахши “Нақли хаттӣ” сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Ин чорабиниҳо барои беҳтар кардани сатҳи забондонии донишҷӯён ва инкишоф додани шавқ ба забон, адабиёт ва фарҳанги русӣ равона карда шудаанд.

