Имрӯз дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-048-и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи доктории Хайрзода Ашурали Гургак, дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Системаи методии омода намудани омӯзгорони муосири химия дар радифи муносибати проблемавӣ-ҳамгироӣ бо назардошти муҳити таълим”, зери роҳбарии илмии Холназаров Санг, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо муваффақона дифо намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08.02.-Назария ва методикаи фанҳои табиӣ (химия, таҳсилоти касбӣ) пешбинӣ мегардад.

